Боиси хушнудӣ ва сарфарозии ҳамаи мост, ки ҷашни деринаи ниёгони мо – Наврӯзи хуҷастапай, ки бо пешниҳоди Тоҷикистон ва пуштибонии як қатор кишварҳои ҷаҳон аз ҷониби Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Рӯзи байналмилалии Наврӯз унвон карда шуд, дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла, Ватани азизамон-Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад.
Имрӯз Истиқлолият ва Наврӯз мафҳумҳои ба ҳамдигар наздик ва ифодагари марому ормонҳои беҳтарини халқи мо мебошанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон , Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ қайд намуданд, ки “ Наврӯз аз муборактарин ҷашнҳои миллии мо тоҷикон ва дигар мардумони ҳавзаи Наврӯз аст, ки аз замонҳои қадим то ба имрӯз бо ғояҳои олии башардӯстонаву ҳамкорӣ, созандагиву ободкорӣ, инсондӯстиву хайрхоҳӣ ва шукргузорӣ аз зебоиву неъматҳои табиат мардумро гирди ҳам меорад.”
Оре, Наврӯз дар баробари он, ки оғози эҳёи табиат, айёми эътидоли баҳорӣ, рӯзи фарорасии соли нав ва оғози корҳои кишоварзӣ мебошад, инчунин масъалаҳои маърифатию фалсафӣ, ҷаҳонсозӣ, арзишҳои волои ахлоқӣ, покиву порсоӣ, некиву накӯкорӣ ва адлу ростиро низ дар бар мегирад.
Ҷавҳар ва ҳикмати Наврӯз илова бар арзишҳои зикршуда ҳамчунин ифодагари ормонҳои муқаддас ва неки миллӣ, аз қабили эҳсоси гарми муҳаббат ба марзу буми аҷдодӣ, худогоҳиву худшиносӣ ва ватандориву ватанпарастии мардум мебошад.Ва мо аз ҷумла миллату мардумони хушбахте ҳастем, ки ин суннати деринаро бо маъниву муҳтавои амиқ ва ҷавҳари фалсафию рӯҳи зиндагисози он ба мерос гирифтаем.Ба ин маънӣ дар миёни ҳамаи ҷашнҳои шодиву сурури халқу миллатҳои гуногуни ҷаҳон, ки аз замонҳои дур то ба имрӯз эътибор ва манзалати иҷтимоии худро нигоҳ доштаанд, Наврӯз шояд муҳимтарин ҷашнест, ки бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёди дар давоми асрҳо дар сари роҳи он эҷодшуда тамоми зебоиву хубиҳои он ба шарофати гузаштагони фарҳангдӯстамон то замони мо ҳифз шудаанд.
Мувофиқи анъанаҳои неки наврӯзӣ бо фарорасии фасли баҳор дар ҳар хонадони мардуми Тоҷикистон айёми киштукор ва дигар корҳои ободонӣ, шинонидани ниҳолу гулбуттаҳо, тоза кардани наҳру ҷӯйҳо, покиза кардану ба тартиб овардани манзили зист, оростани кӯчаву хиёбонҳо ва намуди идона бахшидан ба шаҳру деҳот оғоз мегардад.
Идома бахшидан ба ин суннатҳои неки аҷдодӣ барои баланд бардоштани сатҳи маърифати ҷавонон, таблиғи меҳнату зиндагии солим, густариши рафтору ахлоқи ҳамида, бузургдошти анъанаҳои неки ниёгон, фарҳангпарастиву худшиносӣ, ватандӯстиву ифтихори миллӣ ва пешрафту шукуфоии кишвари азизамон мусоидат мекунад.
Аз ин хотир, халқи тоҷик ин иди азизу мӯътабар ва муқаддаси ниёгонро бо хурсандиву арҷгузории беандоза таҷлил карда, беҳтарин орзуву ормонҳои худро бо Наврӯзи хуҷастапай пайванд медонад. Тамоми оинҳои ибратомӯзи наврӯзӣ, ки моҳиятан сарчашмаи бузурги ахлоқиву тарбиявӣ ва бунёдкориву созандагӣ доранд, имрӯз низ барои фарди огоҳу солимфикр чун манбаи умеду ормонҳои наҷибу созанда ва василаи худшиносиву ҷаҳоншиносӣ хизмат мекунанд.
Ҷаҳонишавии Наврӯз, мо – ворисони ин ҷашни зебову ҳумоюни аҷдодиро водор месозад, ки дар баробари ифтихор кардан инчунин барои эҳё намудани суннатҳои ахлоқиву маънавӣ ва фарҳангиву миллии он иқдомҳои бештар намоем ва ба аҳли олам ҷиҳати муаррифӣ намудани фазилатҳои волои инсондӯстонаи он пайваста азму талош намоем.
То оламу одам боқист, Наврӯзу Тоҷикистони соҳибистиқлол ҷовидон бод!