Рубрики
Асосӣ

Бобоҷон Ғафуров: Натиҷагирӣ аз фаъолияти ташкилоти ибтидоии “Боғпарвар””

Аз рӯйи нақшаи тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи  бобоҷон  Ғафуров  оид ба баргузор намудани маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботӣ дар ташкилотҳои ибтидоӣ ин навбат дар ташкилоти ибтидоии “Боғпарвар” дар  ҷамоати  Овчиқалъача  баргузор   гардид.

Дар кори маҷлис  намояндагони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар  ноҳияи  Бобоҷон  Ғафуров, аъзоёни раёсат ва пешсафони ҳизб иштирок намуданд.

Дар маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор гирифт:

1.      Ҳисоботи  ташкилоти ибтидоӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли 2022 ва вазифагузориҳо барои фаъолияти минбаъда.

2.      Интихоби  раёсат  ва  раиси ташкилоти  ибтидоӣ.

3.      Интихоби  вакилон ба конференсияи  ҳисоботӣ – интихоботии  кумитаи  иҷроияи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар ноҳияи  Бобоҷон  Ғафуров.

4.       Масъалаҳои  ҷорӣ

Раиси ташкилоти ибтидоии номбурда Эргашова М.М маҷлисро ифтитоҳ намуда, оид ба фаъолият ва бурду бохти яксолаи ташкилоти ибтидоии “Боғпарвар” дар назди ҳозирин маълумот дод ва вазифаҳо дар фаъолияти босамари минбаъда пешниҳод кард.

Доир ба масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис оиди «Тасдиқи  нақшаи кории  фаъолияти  нимсолаи  дуюми  ташкилоти  ибтидоӣ» ҳамагонро раиси ташкилоти ибтидоӣ бо лоиҳаи нақшаи корӣ шинос намуда, бо назардошти тағйиру иловаҳо нақшаи  корӣ барои нимсолаи дуюм тасдиқ карда шуд.

Аз рӯи масъалаи сеюми рӯзномаи маҷлис «Интихоби  раёсат  ва  раиси кумитаи  иҷроияи  ибтидоӣ» намояндаи кумиҷроияи ноҳиявӣ ва аъзоёни раёсат таклиф намуданд  ва  Каримзода Р.Р – раиси ташкилоти ибтидоии  “Боғпарвар” интихоб карда шуд.

Инчунин аз руйи масъалаи чоруми рӯзномаи маҷлис «Интихоби  вакилон ба конференсияи  ҳисоботӣ – интихоботии  кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар ноҳияи  Бобоҷон  Ғафуров» раиси ташкилоти  ибтидоӣ Каримзода Р.Р ба конференсияи  ҳисоботӣ – интихоботии  кумитаи  иҷроияи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар ноҳияи  Бобоҷон  Ғафуров пешниҳод карда шуд.

Аз рӯи  ҳар  як  масъалаҳои баррасӣ гардида, маҷлиси ташкилоти ибтидоӣ қарорҳои дахлдорро қабул намуд.

Дар  охир намояндаи  кумиҷроияи  ноҳиявӣ, раис  ва  аъзоёни  тозаинтихобро аз номи  КИ  ҲХДТ дар  ноҳияи  Бобоҷон  Ғафуров  табрик  намуда, ба  онҳо  дар  фаъолияти минбаъдаашон  барору  комёбиҳо  таманно намуд. Ҳамчунин  қайд гардид, ки ташкилоти ибтидоии “Боғпарвар”  яке  аз  ташкилотҳои  фаъол буда, дар  ҳамаи  самтҳо  фаъолона  корбарӣ менамояд  ва   яке  аз аввалинҳо шуда,  нақшаи  Обуна-2023  ба  нашрияҳои  ҳизбии “Минбар халқ “  ва  “Сухани халқ”- ро  ба  иҷро  расонид.

Бо ҳамин маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботии ташкилоти ибтидоии “Боғпарвар” хуб арзёбӣ гардида, ба кори худ хотима бахшид.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *