ҲХДТ дар шабакаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия
Санаи 21.06.2022 аз рӯйи нақшаи тасдиқнамудаи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба баргузор намудани маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботӣ дар ташкилотҳои ибтидоӣ ин навбат дар ташкилоти ибтидоии ШКАТС -и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид.
Дар кори маҷлис муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Латифзода Асрор Қурбон, Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд -Исмоилзода Зуфар Муртазохон, муовини Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров- Турсунзода Дилоромхон, Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Амирҷон Анварзода ва пешсафони ҳизб иштирок намуданд. Раиси ташкилоти ибтидоӣ Қосимова Малика Султоновна маҷлисро ифтитоҳ намуда, меҳмононро хайрамақдам гуфт.
Аз рӯйи масъалаи якум раиси ташкилоти ибтидоӣ оид ба фаъолият ва бурду бохти яксолаи ташкилоти ибтидоии ШКАТС-и ноҳия дар назди ҳозирин маълумот дод ва вазифаҳо дар фаъолияти минбаъда пешниҳод кард.
Доир ба масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис оиди «Интихоби раёсат ва раиси ташкилоти ибтидоӣ» аъзоёни раёсат таклиф намуданд, ки раиси ташкилоти ибтидоӣ Қосимова Малика Султоновна интихоб карда шавад.
Инчунин аз руйи масъалаи сеюми рӯзномаи маҷлис «Интихоби вакилон ба конференсияи ҳисоботӣ – интихоботии кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров» раиси ташкилоти ибтидоӣ аз рӯйи меъёри намояндагӣ 20 нафар аъзоёни фаъоли ташкилотро ба конференсияи ҳисоботӣ – интихоботии кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров пешниҳод кард.
Аз рӯи ҳар як масъалаҳои баррасӣ гардида, маҷлиси ташкилоти ибтидоӣ қарорҳои дахлдорро қабул намуд.
Дар охир муовини Раиси ҲХДТ Латифзода Асрор Қурбон баромад намуда, раис ва аъзоёни тозаинтихобро аз номи Роҳбарияти ҲХДТ табрик намуда, ба онҳо дар фаъолияти минбаъдаашон барору комёбиҳо таманно намуд. Ҳамчунин оиди бурду бохт ва пешравиҳои ҲХДТ дар кишвар ва саҳми ташкилотҳои ибтидоӣ дар пешрафти ҲХДТ баён намуда, оиди фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар ШКАТС-и ноҳия изҳори қаноатмандӣ намуд.
Дар охир дар вазъияти тантанавӣ якчанд фаъолони ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар ШКАТС-и ноҳия бо Сипосномаи кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ қадрдонӣ карда шуда, инчунин ба 10 нафар аъзоёни тозаинтихоб шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.
Бо ҳамин маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботии ташкилоти ибтидоии ШКАТС-и ноҳия ба кори худ хотима бахшид.