Рубрики
Асосӣ Мақола

БОБОҶОН ҒАФУРОВ: Нерӯи тоза аз Паём

21 декабри соли 2021 дар толори калони “Кохи Сомон”-и Бӯстонсаройи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид.

Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

Паёми имсолаи Роҳбари давлат ба таърихи навини кишварамон асос гузошт, ки он аз андешаҳои навин, тарзу усули нави кор, муносибатҳои навин ба иқтисодиёту иҷтимоиёт ва аз сиёсату маънавиёт иборат аст,ки асосан ба рушди саноат нигаронида шудааст.

Дар Паёми навбатӣ Роҳбари давлат ба таври равшану возеҳ ва бо таҳлилҳои дақиқ оид ба мавқеи илму маориф, талабот нисбат ба тарбия ва таълим, аз худ кардани илмҳои бунёдӣ ва арҷгузорӣ ба таърихи миллат, ҳамчунин омӯзиши ҳатмии забонҳои русӣ ва англисиро ироа намуданд.

Мо ҷавонони кишвар бо шукгузорӣ аз даврони Истиқлол ва шукронаи чунин Пешвои хирадманду ғамхор, аз ин Паёми навбатии сарвари кишвар илҳоми тозаву нерӯи қавӣ гирифта, минбаъд таҳти сиёсати хирадмандонаи асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, кор ва фаъолияти худро бо сари баланду дили пок ба иҷро мерасонем.

Негматҷонова С – мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *