Паёми имсола, мисли паёми солҳои қаблӣ доираи васеи масъалаҳои ҳаёти ҷамъиятиро фаро гирифта, саршор аз даъват, муроҷиат ва роҳнамоиҳо буд.Ҷиҳати тарғибу ташвиқи ана ҳамин нуктаҳои асосии паёми Пешвои миллат субҳи имрӯз дар ҷамоати деҳоти “Зарзамин” ТИ маҳаллаи “Поён” вохӯрии судманд байни кормандони ташкилот баргузор гардид.Ҷаласаро раиси ташкилот Қосимова Л ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки ҳар як дастури Пешвои миллат дар умқи тафаккури ҳар як сокини бонангу ор ҷо мегирад. Чунки суханҳои Сарвари давлат самимона буда, аз умқи дил нисбати давлату миллат баён мегардад. Паёми имсолаи Президенти кишвар воқеан ҳам фарогири тамоми масоили рӯзмарраи ҷомеаи кишвар аст. Қариб ягон масъалае набуд, ки аз мадди назари дурбинонаи Пешвои миллат дур монда бошад.Инчунин якчанд омӯзорони пешқадам фикру ақидаҳои худро оиди нуктаҳои асосии паём иброз доштанд. Ҷаласаи ташкилот бо чунин хулоса ба интиҳо расонида шуд: Мо, омӯзгоронро мебояд, ки ҳар нуктаи паёми Пешвои миллатро сармашқи кори худ намуда, ҷавобан ба дастгириву ғамхориҳои сарвари давлат нисбат ба маориф сатҳу сифати таълимро беҳтар намоем ва аз тамоми имкониятҳо васеъ истифода барем.
Рубрики