Рубрики
Uncategorized

Бобоҷон Ғафуров: Оила – оғози фардои мурод

  Оила муқаддастарин ганҷи ҷомеа маҳсуб ёфта, онро пойдевори давлат номидаанд. Асоси давлат ва пойдории он аз оилаи солим оғоз меёбад. Маданияти оиладорӣ ва мустаҳкамии оила ба мавҷудити давлати пойдор мусоидат мекунад.

 Ҳамасола  15-уми май ҳамчун  Рӯзи оила  ҷашн гирифта мешавад. Бахшида ба ин санаи фархунда дар Деҳаи болои ҷамоати деҳоти Ёва маҳфили адабӣ таҳти унвони “Оила – оғози фардои мурод” баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ намояндагони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, сармуҳаррири ҳафтаномаи “Хуҷанд” Қоситова Ӯғулой, нависанда Саиднабӣ Наҷимӣ,шоираи ширинкалом Муаттара Ғаниева, оилаи намунавии Шафиевҳо аз ҳамин деҳа иштирок намуданд.  Хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 48 бо роҳбарии Салимова Шоирахон барномаи адабиро пешкаши иштирокчиён намуданд. Инчунин, дар ин чорабинӣ 70 – солагии Муаттара Ғаниева – собиқ директори ҳамин муассиса, ҷашн гирифта шуд. Дар охир якчанд нафар занони фаъол, ки нав ба сафи ҳизб аъзо шуданд, соҳиби шаҳодатномаҳои ҳизбӣ гардиданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *