Рубрики
Асосӣ Мақола

БОБОҶОН ҒАФУРОВ: ОЯНДАРО БЕ ТЕРРОРИЗМ БУНЁД СОЗЕМ

    Терроризм ва экстремизм, ки айни ҳол ба хатари ҷиддӣ табдил ёфтааст, ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз чанд сол пеш бо эҳсоси ин хатар ҷомеаи ҷаҳониро ҳушдор сохта буд, ки дар муқобили ин зуҳуроти номатлуб бетафовут набошанд ва дар ин самт тадбирҳои заруриро биандешанд.

    Оиди ин масъала масъули КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо хонандагони синфҳои болоӣ дар ТИ маҳаллаи “Сангин  Ҳоҷӣ” мулоқоти рӯ ба рӯ намуда, бори дигар хонандагонро ҳушдор намуд, ки ҳушёрию зиракиро аз даст надиҳанд. Зеро ташкилотҳои экстремистӣ барои ба ҳадафҳои нопоки худ расидан ҳамаи корҳои даҳшатборро ба иҷро мерасонанд. Ҳадафи асосии онҳо  ҷавонон ва хонандагони муассиса мебошад. Шомил шудан ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо ва ташкилотҳои террористӣ ин амали ғайриинсонӣ буда, ба номи  халқу миллат ва ватану модар иснод овардан мебошад.

     З-ин сабаб бояд ҷавононро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, ба Ватани худ хиёнат накарда, онро азизу муқаддас донем ва марзу буми кишвари азизамонро аз хоинони нотавонбинон ҳифз намоем.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *