Рубрики
Асосӣ

Бобоҷон Ғафуров: Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи давлатдорист!

Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон 24-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудааст. Ҳамакнун вазъи ҳуқуқӣ, тартиби омодасозӣ, андоза ва корбурди расмии Парчамро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №254 аз 12-уми майи 2007 «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар мекунад.

Таърихи пайдоиши парчам ҳамчун рамзи миллӣ ва давлатдорӣ ба давраҳои бостонии таърих дар ҳаёти мардуми Эроннажод пайдоиши парчам ба замонҳои хеле қадим ишора мекунад. Масалан, дар заминаи ҷустуҷӯҳо бостоншиносон дар Шарқи Эронӣ бостон парчами хурди филизиеро пайдо намуданд, ки таърихи он ба ҳазораи сеи пеш аз мелод рост меояд. Ин бозёфт, ки дар он расми шер ва тулӯи офтоб акс ёфтааст, яке аз қадимтарин парчам дар таърихи башарӣ ҳисобида мешавад.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар воқеъ, то замони бавуҷудоии парчам дар шакли имрӯзааш, дар оғоз парчам ҳамчун рамз ё нишонаи даъват, муттаҳидӣ ва мубориза истифода мешуд. Вале, он на дар шакли имрӯзааш, ки аз матоъ ва аломатҳои тасвиршуда иборат аст, балки ашёи гуногунро дар бар гирифта, муносибати одамонро ба ин ё он ҷамъият, масалан ба қабила, сипоҳ, дину ойин ва ғайра ифода мекард.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матои росткунҷаест, ки дар рӯйи он се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта кашида шудааст: рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар мебошад; рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои яке аз рахҳои ранга аст. Дар рӯйи рахи сафед аз ҷойи чӯбдаста дар мобайни парчам бо зарҳал рамзи тоҷ тасвир шуда ва дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир шудааст. Тоҷ ва ситораҳои парчам дар шакли росткунҷае ҷой дода шудааст, ки паҳлӯи амудиаш 0,8 ва паҳлӯи уфуқиаш 1,0 аз паҳнои рахи сафед аст. Ситораҳои панҷгӯша дар доираи қутраш 0,15 акс ёфта, дар нимдоираи радиусаш 0,5-и паҳнои рахи сафед ҷой мегиранд.

Тоҷи баландиаш 0,55 аз паҳнои рахи сафед ба асос ба таври нимдоираи радиусаш 1,2 аз бари рахи сафед моил мегардад. Чор унсури камоншакл, ки болои тоҷро ташкил медиҳанд, дар марказ бо қисмати доираи қутраш 0,2 аз рахи сафед васл мегарданд. Андозаи Парчами Тоҷикистон 1:2 аст. Рангҳои миллии тоҷикон чун дигар мардуми ориёнажод ва эронитабор сурху сафеду сабз ҳастанд, ки аз гаҳи бостон то замони кунун расидаанд.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ бобати Парчами давлатӣ чунин гуфта буданд: «Парчами давлатӣ ифодагари роҳи таърихии халқи Тоҷикистон ва баёнгари арзишҳои фарҳанги миллӣ ва сиёсӣ».

Рангҳои Парчами давлатӣ чунин маъно доранд: “Ранги сурх – рамзи муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлол, ранги сафед – нишони бахту саодат, умеду орзу ва ранги сабз – нишонаи сарсабзиву шукуфоӣ, сарбаландиву хуррамӣ ва абадият мебошад. Дар байни парчам тасвири тоҷ ва ҳафт ахтар ҷой гирифтааст, ки он ишора ба решаҳои таърихии давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад”.

Бархе аз пажӯҳишгарон бар ин боваранд, ки дирафшҳои ёдшуда дар «Авесто» монанд ба «Дирафши Ковиёнӣ» будаанд, ки басе дертар падид омадааст. Куҳантарин намуди кишвардории тоҷикон парчаме бо номи «Дирафши Ковиёнӣ» будааст, ки онро «Ахтари Ковиёнӣ» низ хондаанд. Ин нуктаро Фирдавсӣ дар «Шоҳнома»-и безаволи худ чунин тасвир кардааст:

Аз он чарм, к-оҳангарон пушти пой

Бипӯшанд ҳангоми захми дарой,

Ҳамон Кова он бар сари найза кард,

Ҳамон гаҳ зи бозор бархост гард…

Чу он пӯст бар найза — бар дид кай,

Ба некӣ яке ахтар афканд пай.

Биёрост онро ба дебои Рум,

Зи гавҳар бар ӯ пайкару зар-ш бум.

Бизад бар сари хеш чун гирдмоҳ,

Яке фоли фаррух пай афканд шоҳ.

Фурӯ ҳишт з-ӯ сурху зарду бунафш,

Ҳаме хондаш «Ковиёнӣ дурафш».

Парчами давалтии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша парафшон бошад ва мардуми сарбаланди тоҷик дар зери ливои худ ормонҳои ҳазорсоларо, ки дер интизор буданд ҷомаи амал пӯшид. Халқи тоҷик давлати соҳибистиқлоли худро эҳё намуда, Ватани азизамонро обод карда истодааст.

Ҷавонон аз доштани давлати соҳибистиқлол, Парчами давлатӣ, нишони давлатӣ, суруди миллӣ, забони давалтӣ, пули миллӣ, фарҳангу тамаддуни қадимаи мардуми тоҷик шукрона намуда, бо Пешвои Ваҳдатофару сулҳпарвари худ ифтихор доранд.

Акбарзода Маъруф роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *