Рубрики
Асосӣ Мақола

БОБОҶОН ҒАФУРОВ: Парчами Тоҷикистон – рамзи ваҳдат ва ягонагии миллат.

Бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24-уми ноябр ҳамчун рӯзи Парчами давлатӣ қабул шудааст. Ҳадаф аз роҳандозии боз як ҷашнвораи давлатӣ эҳтиромгузорӣ ва қадршиносии Парчами миллӣ ҳамчун муқаддасот ва рамзи давлат унвон шудааст. Бар асоси ин пешниҳоди Пешвои миллат ба парлумон ба қонуни рӯзҳои ид иловаҳо ворид гардидааст ва тибқи он ҳар сол Рӯзи Парчам 24-уми ноябр таҷлил гирифта мешавад.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҳамакнун вазъи ҳуқуқӣ, тартиби омодасозӣ, андоза ва корбурди расмии Парчамро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №254 аз 12-уми майи 2007 «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар мекунад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми телевизионии худ ба муносибати “Рӯзи парчам” аз 23-юми ноябри соли 2010 рангҳои парчами миллиро «ифодагари роҳи таърихии халқи Тоҷикистон ва баёнгари арзишҳои фарҳанги миллӣ ва сиёсӣ» донист ва гуфт: ранги сурх – рамзи муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлол, ранги сафед – нишони бахту саодат, умеду орзу, ранги сабз – нишонаи сарсабзиву шукуфоӣ, сарбаландиву хуррамӣ ва абадият мебошад.

Рангҳои парчам тасодуфан интихоб нашудаанд. Ҳар яки онҳо маънои амиқ дорад: ранги сурх рамзи ҷоннисориҳои миллат барои озодӣ, ранги сафед бахту иқболи сафед, сулҳ ва оромӣ, ранги сабз бошад сарсабзии кишвар мебошад.

Имрӯз шаҳрвандони Тоҷикистон ҷашни муҳими давлатӣ – Рӯзи парчамро баргузор мекунанд. Ба гуфти президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон – парчам таҷассумгари таърихи куҳан, фарҳанги баланд, анъана ва урфу одатҳои мардуми тоҷик мебошад.

Бигзор Парчами Тоҷикистон доиман дар партави сулҳу субот парафшон  бошад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *