Рубрики
Uncategorized

БОБОҶОН ҒАФУРОВ: Паёми Пешво – Роҳнамои мо

    Таҳти ин унвон дар ташкилоти ибтидоии деҳаи “Шайхбурҳон”-и ноҳияи Бобоҷон  Ғафуров  мизи мудаввар баргузор гардид.Дар он мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИВ ҲХДТ Султонова  Гулбаҳор,мудири шуъбаи занони кумитаи иҷроияи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Солиева М,м удири бахши умумии кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ Негматҷонова С, муовини раиси ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонов Шодибоева М, раиси ташкилоти ибтидоӣ Холшехов М иштирок ва баромад карда,  Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро  паёми беҳтарин, роҳнамои дурахшони Ватан, башоратҳои навин барои миллату давлати тоҷик, қадами устувор ба ояндаи мунаввар,паёми равонбахшу пурнишот ба аҳли ҷомеа арзёбӣ намуданд.

Инчунин, омузгорон низ фикру андешаҳои худро оиди шарҳу тавзеҳи Паём баён  намуда, зикр карданд, ки дар ҳақиқат ин абармарди ояндасозу оядабин тарбиятгари насли наврасро ҳамеша дар мадди боло мегузоранд ва аз пайи дастгирӣ ҳастанд.Баланд бардоштани маоши кормандони соҳаи маориф дар қатори дигар соҳаҳо имрӯз барои маорифчиён муждаи саодатбахш ва собитгари суханҳои болост. Аз ин хотир, мо аҳли маорифчиёнро зарур аст, ки дар зери сиёсати хирадмандона ва маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат фаъолият бурда, дастуру супоришҳои Сарвари давлатро дар ин самт сармашқи кори худ қарор диҳем.Бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва тарбияи насли наврас дар руҳияи худшиносӣ, ифтихори миллӣ, эҳтирому гиромидошти муқаддасот ва арзишҳои миллӣ – мо омӯзгоронро лозим меояд, ки онҳоро ба мутолиаи китоб ва омӯхтани забон бештар ҷалб намоем.

   Дар охир ба якчанд нафар омӯзгорони ҷавон, ки нав ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аъзо шуданд,шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *