Рубрики
Uncategorized

БОБОҶОН ҒАФУРОВ: Паёми сарвари давлат – намунаи барҷастаи ахлоқу тарбия

Паёми Президент дар баробари аҳамияти сиёсиву ҳуқуқӣ доштан, инчунин, аҳамияти махсуси ахлоқиву тарбиявӣ низ дорад.Суханону андешаҳои пурмуҳтаво ва пандомӯзи Сарвари давлат зимни ироаи паёмҳояшон дар бораи адлу тадбир, таълиму тарбия, илму маориф, ватандӯстиву ватанпарастӣ, саховату эҳсон,адолати иҷтимоӣ ва амсоли онҳо боиси баланд гардидани масъулият ва ҳисси милливу ватандӯстӣ, маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии аҳолии мамлакат, бахусус, наврасону ҷавонон мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба тарбияи насли наврас аҳамияти хоса зоҳир намуда, ҳамеша таъкид мекунанд, ки насли ҷавон ояндаи кишвари мо мебошанд.Барои дар амал татбиқ намудани ин сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат,Ҳукумати кишвар тамоми шароити моддиву маънавиро баҳри ҷавонон фароҳам овардааст.Ҷавобан ба ин ғамхориҳо бояд ҷавонони мо ҳамқадами замони муосир гашта,ба омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунар машғул бошанд ва ба роҳи дурусти зиндагӣ қадам гузоранд.

Оила зинаи аввалини тарбияи фарзанд мебошад.Тарбияи фарзанд бошад аз ҳар як падару модар масъулият талаб мекунад.Волидайни бомаърифат фарзандашро аз назари худ дур насохта, робитаро бо муррабиёну муаллимон барқарор мекунад.Ва фарзандони худро ба илмомӯзӣ , касбомӯзӣ,дӯст доштани Ватан, ҳурмати калонсолон барин хислатҳои хуб далолат мекунад.

Омӯзиши Паёми Сарвари давлат ҳамчун намунаи барҷастаи ахлоқу тарбия, рафти иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз дар ҷаласаи падару модарони ташкилоти ибтидоии маҳаллаи Сангин Ҳоҷӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *