Ҷиҳати тарғибу ташвиқи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 21-декабри соли 2021 ироа гардид, субҳи имрӯз дар маҷлисгоҳи ҷамоати деҳоти Овчикалъача, бо иштироки вакил аз ҳавзаи ҷумҳуриявии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Идизода Файзиддин, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Мирзозода Мавлуда Зайнӣ ва инчунин фаъолону сарварони муассисаҳои деҳот вохӯрӣ баргузор гардид.
Вохӯриро муовини Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров – Абдуллозода Фирдавс Тоҷӣ ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳадафи онро шарҳ дод.
Сипас, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Идизода Файзиддин ва Мирзозода Мавлуда Зайнӣ роҷеъ ба нуқтаҳои муҳими Паёми Пешвои муаззами миллат ба Маҷлиси Олӣ маълумот дода, аз ҷумла афзуданд, ки яке аз самтҳои асосии Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз меҳандӯстӣ ва фарҳангсолории Пешвои муаззами миллат дарак медиҳад ва ин эълони солгунае дар ҳар сол мебошад, ки дар натиҷа бо ин ҳадафҳои оқилона зиндагии мардум, рушди инфрасохтор, ҳаёти иҷтимоӣ, беҳдошти соҳаҳои мухталиф, таълиму тарбия ва дигар масъалаҳо рушд меёбад.
Инчунин якчанд фаъолони ҷамоат фикру мулоҳизаҳои худро оиди иҷроиши Паём иброз доштанд. Мулоқот бо суолу ҷавоби тарафайн ба интиҳо расид.