Рубрики
Uncategorized

БОБОҶОН ҒАФУРОВ: ПАЁМ – РАҲНАМОИ ЗИНДАГӢ

         

      Бо мақсади тарғибу ташвиқи  нуктаҳои асосии Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар асоси ҷадвали тасдиқгардида вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузории мулоқоту вохӯриҳоро бо интихобкунандагони худ оғоз намудаанд ва дар маҳалҳо бо мардуми касбу кори гуногун ҷамъомаду маҷлисҳо доир намуда истодаанд.

     Санаи 4 январи соли 2022 дар маҷлисгоҳи калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Мирзозода Мавлуда Зайнӣ вакил аз ҳавзаи интихоботии “Бобоҷон Ғафуров, №14” ва Ахмедов Мирзоанвар Халифаевич – вакил аз ҳавзаи интихоботии “Ӯрунхоҷаев №15” доир карда шуд.

      Маҷлисро Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  Давлатзода Зафарбек ифтитоҳ намуда, зикр дошт, ки дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатҳои  сиёсати хориҷиву дохилӣ  ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

         Инчунин якчанд фаъолони ноҳия оид ба паҳлуҳои мухталифи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамовозии худро баён намуда, ҷиҳати амалӣ гардонидани ин паёми Пешвои миллат фикру ақидаҳои худро  пешниҳод карданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *