Рубрики
Асосӣ

БОБОҶОН ҒАФУРОВ: Паём – роҳнамои фардо

Дар маҷлисгоҳи мактаби хонандагони болаёқати ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҷиҳати ташвиқу тарғиби нуқтаҳои асосии Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо иштироки вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Мирзозода Мавлуда Зайнӣ вохӯрии судманд доир гардид.

Маҷлисро мушовири Раиси ноҳия Мастура Комилӣ ифтитоҳ намуда, зикр намуданд, ки дар Паёми имсола Пешвои миллат роҳи минбаъдаи моро ба сӯи фардо муайян намуда, назди ҳар як фарди солимфикр, шахси ватандӯсту меҳанпарвар масъулияти навро вогузор кард.

Сипас вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Мирзозода Мавлуда Зайнӣ маърӯзаи пурмуҳтавое намуда, аз ҷумла қайд намуданд, ки Паёми Пешвои миллат дар баробари аҳамияти сиёсиву ҳуқуқӣ доштан, инчунин, аҳамияти махсуси ахлоқиву тарбиявӣ низ дорад. Суханону андешаҳои пурмуҳтаво ва пандомӯзи Сарвари давлат зимни ироаи паёмҳояшон дар бораи адлу инсоф, таълиму тарбия, илму маориф, ватану ватанпарастӣ, саховату эҳсон аҳамияти махсус дорад.

Инчунин якчанд ҷавонони фаъол ва аз ҷумла сарвари МТМУ№4 Дадобоева Розия фикру ақидаҳои худро ҷиҳати амалӣ гардонидани самтҳои асосии паём иброз доштанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *