Рубрики
Асосӣ Мақола

БОБОҶОН ҒАФУРОВ: ПАЁМ – САНАДИ ОЯНДАСОЗУ РАҲНАМО

   Мо – ҳизбиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо руҳияи баланди ифтихор ва ватану ватандорӣ қабул намуда, онро чун санади ояндасозу раҳнамо қарор хоҳем дод. Баъди пурра тамошо ва шунидани Паём шоҳиди он гаштем, ки аз Паёми гузашта то Паёми навбатӣ кишвари азизи мо ба комёбиҳои назаррас ноил гашт. Дар Паём тамоми паҳлӯҳои ҳаёти кишвар тарҳрезӣ гардидаву матраҳ шудааст. Ҳамчунин,бар илова чанде аз иқдомҳо, ибтикорҳо ва дастурҳои нав доир ба таъмини ояндаи неки миллат, давлат, идеяҳои ҷолибу фарогири ҳадафҳои миллӣ ва пурарзиши ҳарчӣ бештар таҳким бахшидани сармояи зеҳнии инсонӣ, дар маҷмӯъ фароҳам овардани зиндагии шоистаи ҳар сокини Тоҷикистон дар Паём тафсилот ва мулоҳизаҳои саодатборе матраҳ шудаанд. Дар Паёми Сарвари давлат рушди устувори мамлакат дар соли сипаригардида дар муқоиса бо солҳои қаблӣ ва нақшаву барномаҳои рушди минбаъдаи кишвар бо таҳлилҳои амиқ ва илман асоснокгардида таҳлил гардиданд.

      Зимни ироаи Паём зикр намуданд, ки :”Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолӣ пешрафти бомароми соҳаҳои муҳимми ҳаёти ҷомеа – ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, илму маориф, тандурустӣ ва фарҳангро яке аз самтҳои асоситарин ва афзалиятноки сиёсати худ қарор дода, барои расидан ба ин ҳадафҳо ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст.”

Илова бар ин, бо мақсади беҳтар намудани вазъи иҷтимоии аҳолӣ пешниҳод намуданд, ки аз 1-уми марти соли 2023 музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ 25 фоиз ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шавад; аз 1-уми июли соли 2023 музди меҳнати кормандони муассисаҳои маориф, илм, тандурустӣ, соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шаванд;

Ҳамчунин пешниҳод карда шуд, ки аз 1-уми июли соли 2023:

– андозаи нафақаи заминавӣ 20 фоиз зиёд карда шавад;

– нафақаҳои суғуртавие, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таъин ва пардохт мегарданд, ба андозаи сатҳи таварруми ду соли охир, вале на кам аз 16 фоиз индексатсия, яъне зиёд карда шаванд;

Дигар нафақаҳои амалкунанда ба андозаи 20 фоиз аз меъёри нафақаи заминавӣ зиёд карда шаванд.

Дар фароварди сухан баён намуданд, ки пешрафту дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар солҳои охир ва мушкилоту масъалаҳои ҳалталаби ҳаёти ҷомеа ва давлат ин ҷо баён шуданд ва вазифаҳо барои бартараф намудани онҳо низ муайян гардиданд.

Инчунин, зикр  намуданд, ки танҳо саъю талоши содиқонаву софдилона, ҳисси баланди масъулият дар назди халқу Ватан ва иқдому ташаббусҳои созанда моро ба ҳадафҳои олиамон наздик мерасонанд.

Ба халқи азизу меҳнатқарин бовар намуда, таъкид доштанд, ки мардуми шарифу сарбаланд, ватандӯсту ватанпарвар ва қавииродаву заҳматдӯсти мо аз уҳдаи иҷрои ҳама гуна амалҳои нек ва бартараф намудани тамоми мушкилот мебароянд, Тоҷикистони азизамонро боз ҳам ободу зебо ва пешрафта мегардонанд ва барои зиндагии аз имрӯза беҳтар шароит фароҳам меоваранд.

Мо бояд ватандӯсту ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад.

Яъне ҳар яки мо бояд минбаъд низ мафҳумҳои «ватандӯстӣ» ва «рушд»-ро шиори кору фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор диҳем.

Илова бар ин, ҳифзи истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон ва дастовардҳои он – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ бояд қарзи инсонӣ, вазифаи шаҳрвандӣ ва рисолати имонии ҳар як фарди бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарасти ҷомеа бошад.

Мо бояд тамоми донишу таҷриба, маҳорату малака ва саъю талоши худро минбаъд низ ба рушди давлати соҳибихтиёрамон ва Ватани аҷдодиамон равона кунем, кишвари маҳбубамонро пешрафта гардонем ва барои наслҳои оянда як мулки обод мерос гузорем.

     Дар ҳақиқат, Паёми Сарвари давлат бори дигар мардумро эътиқодманд гардонид, ки Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, таъмини зиндагии шоиста барои шаҳрвандони кишвар ва ғамхории ҳамешагӣ нисбат ба ҳар як қишр ва фарди ҷомеа дар маркази таваҷҷуҳи Пешвои миллат қарор хоҳанд дошт.

Ҳамаи мо – мардуми шарафманди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар роҳи дар амал татбиқ намудани Паёми навбатии Президенти кишвар тамоми нерӯи худро истифода намуда, баҳри ободию пешравии кишвари азизамон кӯшиш ба харҷ медиҳем.

 А. Анварзода – Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *