Ҳар як иқдоми ибратбахши Пешвои миллатамон намунаи дурахшон, воло ва ибратбахши ватандорӣ, ифтихори миллӣ, башардӯстӣ ва сулҳҷӯӣ мебошад.
Бо шукргузорӣ аз амну осоиштагӣ ва садоқат ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташкилоти ибтидоии маҳаллаи “Чинор” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, чорабинии идона бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Президент кафили ҳуқуқ ва озодиҳои инсон” баргузор гардид.
Дар чорабинӣ намояндагони кумиҷроияи ноҳиявӣ Муяссара Солиева ва Саёҳат Негматҷонова, собиқадори ҳизб Қодиров Д, омӯзгори ДДХ ва омӯзгори таърих ва ҳуқуқи ҳамин муассиса – Темиров Х иштирок намуданд.
Чорабиниро ҷонишини директори муассиса Ӯзбекова Раъно ҳусни оғоз бахшида, меҳмононро ба аҳли нишаст шинос намуданд. Сипас намояндаи КИ ҲХДТ Муяссара Солиева табрикоти раиси кумиҷроия Анварзода Амирҷонро ба саҳми ҳозирин расониданд.
Баъдан собиқадори ҳизб Қодиров Д оиди “Мансаби Президент” маърӯза намуда, доир ба кору пайкор ва заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат суханронӣ намуданд. Темиров Х низ дар навбати худ оиди “Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ” маърӯза намуд.
Баъди анҷоми маърӯзаҳо хонандагони муассиса баромади пурмӯҳтаво намуда, дар васфи Пешвои миллат шеъру гуфторҳо қироат намуданд. Дар интиҳо аз тарафи хонандаи фаъоли ин муассиса суруди Пешвои миллат садо дод ва чорабиниро ҳусни анҷом бахшид.