Рубрики
Мақола

БОБОҶОН ҒАФУРОВ: РОДМАРДИ ВАТАН

Рӯзгори пурбаракату зиндагии ибратомӯзи Абдуҳамид бобои 95 соларо дар ҷамоати деҳоти Ёва нафаре нест , ки нақлу ҳикоя накарда бошад. Ӯ ягона нафарест, ки лаҳзаҳои пуршиддати ҷанги хонумонсӯзро барои имрӯзиён қисса мекунад. Бахшида ба 76-солагии Рӯзи Ғалаба мо тасмим гирифтем, ки аз ҳаёту фаъолити ин родмарди Ватан қисса намоем.

Юлдошев Абдуҳамид 10 январи соли 1926 дар оилаи деҳқон чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Дар синни 5- солагиаш аз модари мушфиқ ва дар синни 6 – солагӣ аз падари бузургвораш ятим мондааст.

Ӯро модаркалони азизу меҳрубонаш ба оғуши худ гирифта, тарбия намудааст. Мактаби миёнаро то синфи 4-ум давом дода, дар синни 13-14 солагиаш фаъолияти меҳнатиашро дар колхози “Қизил қаҳрамон” ҳозира хоҷагии ба номи Ҷ.Расулов оғоз намудааст. Вақте ки Ҷанги Бузурги Ватанӣ сар мешавад чандин маротиба ба коммисариати ҳарбӣ муроҷиат намудааст, ки ӯро ба фронт сафарбар намоянд. Аммо бо сабаби хурдсол буданаш, хоҳиши ӯро рад мекардаанд. Соли 1943 коммисариати ҳарбии ноҳия ӯро низ ба фронт даъват намуда, ба шаҳри Алма-Атои Ҷумҳурии Қазоқистон фиристода, дар он ҷо 6-моҳ дар ротаи автоматчиҳо таълим гирифта, баъд дар ҳайати дивизияи 89-ум хизмат намудааст.

Ӯ ҳамроҳи ҳамяроқонаш барои аз душман озод намудани давлати Полша саҳм дошта, сипас иштирокчии ҷанг дар шаҳри Кенсберг ва дигар шаҳрҳои Германияи фашистӣ ҷангидааст. Дар он замон ӯро адютанти кумондони полк тайин намудаанд. Дар давоми хизмат бемор мешавад ва ӯро ба шаҳри Алма-Ато барои табобат мефиристанд ва дар онҷо ғалабаро истиқбол мегирад.

Юлдошев Абдуҳамид моҳи июли соли 1946 ба Ватани худ бо сари баланд баргашта, фаъолияти кориашро боз дар колхози “Қизил-Қаҳрамон”давом дода, курси 3 моҳаи “Замбӯрпарвари”-ро хатм менамояд. Ӯ се сол дар колхоз ҳамчун “Занбӯрпарвар” фаъолият бурда, баъдан ҳисобчӣ ва бригадири бригадаи пахтакорӣ, боғбон ва мудири анбор шуда кор кардааст.

Аз соли 1986 ба нафақа баромада бо хоҳиши раиси хоҷагӣ то соли 1987 кор карда, аз соли 1999 то соли 2013 ҳамчун раиси собиқадорони ҷангу меҳнат дар ҷамоати деҳоти Ёва фаъолият бурдааст.

Ҳоло бошад дар ҳалқаи дӯстон умр ба сар бурда, дуогӯи осудагии Ватану халқи азизамон мебошад. Мо низ занону бонувони ҳизбии ноҳия аз чунин қаҳрамон ифтихор мекунем.

Бобои Абдуҳамидро аз номи кулли ҳизбиёни ноҳия бо Рӯзи Ғалаба табрику муборакбод намуда, барояшон тансиҳативу умри дароз хоҳонем.

Азимова Ороста –мудири шуъбаи умумии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *