Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати – миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ибтикори кумитаи иҷроияи ибтидоӣ дар минтақаи Ёва дар қисми ҳарбии 051056-и Горди миллӣ рӯзи дарҳои кушод таҳти унвони “Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон – сипари боэътимод”-ро ташкил намуд.
Дар чорабинии мазкур раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров –Амирҷон Анварзода, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров – Аъзамҷон Каримов, мудири бахши ҷавонон ва варзиши ноҳия- Баҳодурзода Баҳриддин иштирок намуданд.
Бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон, ки аз ҳадафҳои аслии ҲХДТ маншаъ мегирад дар чорабинии мазкур 300 нафар ҷавонон ва хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳия ҷалб гардиданд.
Меҳмонон зимни баромади худ таъкид намуданд, ки ҷавонон ҳамчун нерӯи созанда дар ҳимояи истиқлоли миллӣ, таъмини суботи сиёсӣ ва ҳифзи сулҳу Ваҳдат нақши муассир дошта, хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар рисолати инсонӣ ва қарзи шаҳрвандии ҷавонмардон аст.
Гуфта шуд, ки Артиши миллӣ муҳимтарин мактаби обутоби ҳаёт буда, маҳз дар ин ҷо ҷавонписарон дарси шуҷоату мардонагӣ меомӯзанд.
Дар доираи рӯзи дарҳои кушод таҳти унвони “Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон – сипари боэътимод” меҳмонон ва ҷавонон аз шарту шароит ва буду бошти афсарону сарбозон ва қисми ҳарбӣ ошнои пайдо намуданд.
Барои обутоб додани сарбозон ва ҷалби онҳо ба варзиш аз тарафи кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ, бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия ва ҷамоати деҳоти Ёва ба қисми ҳарбӣ лавозимотҳои варзишӣ ҳадя карда шуд.
Инчунин якчанд нафар афсарону сарбозон бо Сипосномаи кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ, ҷамоати деҳоти Ёва ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия барои иштироки фаъолона дар чорабиниҳои сиёсӣ, ҷамъиятӣ ва хизматҳои содиқона бахшида ба муносибати рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд.
Дар охир барои болидахотирии ҳайати шахсии қисми ҳарбӣ ба муносибати рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи санъаткорони ноҳия чорабинии фарҳангӣ ташкил карда шуд.