Рубрики
Асосӣ Мақола

БОБОҶОН ҒАФУРОВ: РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ – АРҶГУЗОРӢ БА ХИЗМАТҲОИ БЕНАЗИРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Ҳамасола рӯзи 16-уми ноябр мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Ҷанш аз ин ид таҷассумгари он аст, ки маҳз аз ҳамин рӯз тақдири миллати тоҷик муайян гардида, рушди минбаъдаи бомароми Тоҷикистон оғоз ёфт ва Президенти тозаинтихобгардида ба иҷрои вазифа шуруъ намудаанд.

Барои ғамхории ояндаи миллат, дарки вазъияти пурхатари баамаломада, қабули қарорҳои таъҷилӣ барои ҳифзи тартиботу мудофиа, дар лаҳзаи тақдирсози Ватан дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии кишвар интихоб гардид ва бо ҳамин тақдирашро як умр ба тақдири халқу Ватани хеш пайваст.

Тақдир ба халқи мо роҳбареро насиб гардонид, ки бо кирдору амалҳои нек, рафтору гуфтори оқилонааш тавонист мардуми парешонгаштаро ҷамъу муттаҳид, дар кишвар сулҳу суботро пойдор ва ба ҷанги хонумонсӯз хотима диҳад. Дар натиҷаи заҳмату талошҳои шабонарӯзии Сарвари давлат дар тӯли солҳои гузашта тамоми рукнҳои давлатдорӣ барқарор шуда, сулҳу субот ва ваҳдати комили миллӣ пойдор, рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ таъмин, худшуносиву худогоҳӣ таҳким, ҳисси ватандӯстии тамоми табақаҳои ҷомеа афзуд. Ба ҳамаи ин дастовардҳои пурарзишу беназир мо тавассути роҳбарии оқилонаву хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноил гардидем.

Хизматҳои бузурги таърихии Пешвои миллат дар назди халқу давлати Тоҷикистон ҷойгоҳи махсусу муносиб ва мақоми воло дорад. Ба тариқи фишурда баршумурдани иқдомҳои накуву созанда ва хислатҳои наҷибу шоистаи ин ҷеҳраи баргузидаи миллат ва абармарди дунёи сиёсат кофист, ки симои ин фард ба сифати номбардори миллат дар ойинаи ҷеҳранамои башарият таҷаллӣ намояд.

Бояд зикр намуд, ки дар муддати кутоҳ хомӯш намудани ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ, ки ҳаёти 150 ҳазор нафарро ба коми худ кашид, беш аз як миллион нафарро бехонумон ва фирорӣ намуд, на кори ҳар кас буду на ҳар кас аз уҳдааш мебаромад. Танҳо ин шахси бузург тавонист мардуми парешону парокандаи тоҷикро дар рӯзҳои даҳшатноки кишвар сарҷамъ намояд, ки ин кори саҳлу сода ва кори одӣ набуд.

Дар ин роҳи пурпечу тоб ва пурхатар  Президент маҳбубамон ҷони худро дар хатар гузошта, ҳаёти миллатро аз ин ҳодисаи мудҳиши даҳшатнок раҳонид. Зеро бидуни сулҳу таҳкими амният бунёди ҷомеаи демокративу адолатпарвар ғайриимкон буд ва амалӣ намудани шиори “Ман ба Шумо сулҳ меорам” роҳро барои бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёди дунявӣ ҳамвор кард.

Халқи тоҷик баъди зиёда аз ҳазор сол аз нав соҳиби давлати мустақили миллӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ гардида, мақому манзалати хоссаро касб намуд. Барои миллати шарафманди тоҷик ин бахти нодир ва воқеаи хеле бузургу фараҳбахш ва пурифтихор гашт.

Бе шубҳа метавон гуфт, ки яке аз хизматҳои бузурги Пешвои миллат барои халқи тоҷик ва барои Тоҷикистон, ин барқарор намудани сулҳу суботи комил ва таҳкими ваҳдати миллӣ мебошад. Пешвои миллаттавонистанд, ки дар солҳои аввали фаъолияти худ, масъулияти Конститутсионии хешро ба сифати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пуррагӣ иҷро намоянд ва чун кафили амнияти давлат амал намоянд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки рушду нумуи давлатдории миллии мо ва эҳёи мақому манзалати он дар арсаи ҷаҳонӣ ба заҳмат ва талошҳои пайвастаи шахсияти таърихӣ ва Президенти мардумӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқаи ногусастанӣ дорад.

 Ин аст, ки Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Точикистон ҷашни ҳар як шаҳрванди худшиносу худогоҳ, ватандӯст ва ҷашни ҳар як сокини озоду осудаи Тоҷикистон аст.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гашт, ки тамоми таҷрибаи таърихию байналмилалӣ ва ҳуқуқию сиёсии ниҳоди президентиро истифода намуда, ин тарзи давлатдориро ба модели наҷоти миллии мо табдил диҳанд, ки халқи тоҷик ин корнамоиҳои беназири Қаҳрамони хешро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намесозанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳоло дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллату мардумсолор, амалисозандаи заҳматҳои ояндабинона баҳри рушду нумуъ ва ободии Ватан ва фароҳам овардани шароити арзанда барои мардуми кишвар, ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ шинохтанд ва ҳамчунин ҷаҳониён эътироф намудаанд, ки ин ифтихори ҳар сокини шарафманди кишвар аст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *