Рубрики
Асосӣ Мақола

БОБОҶОН ҒАФУРОВ: Сада ҷашни бузурги ниёгон

(Ба ифтихори бузургдошти оинҳою ҷашнҳои миллӣ)

Иди Сада рамзи бедоршавии табиат асту омодагӣ ба корҳои кишту кори баҳорӣ,  маънии аз сардӣ раҳо ёфтану ба гармӣ расиданро дорад. Гуфтан ба маврид аст, ки иди Сада баъд аз асрҳои 12-13, агарчи то як муддате аз байн рафта бошад ҳам, дар байни мардуми тоҷик нишонаҳои он боқӣ монда, то имрӯз бо тобишҳои гуногун ҷилва мекунад.

Дар Паёми Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 22 декабри соли 2017      зикр гардидааст, ки: «Суннату ойинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, мисли Наврӯз, Меҳргон ва Сада дар тӯли таърих барои тарғиби ахлоқу маънавиёти созанда хизмат кардаанд.

Бояд гуфт, ки аз замони Шӯравӣ то имрӯз халқи бофарҳанг ва бонангу номуси миллати тоҷик, бо вуҷуди ҳама мушкилиҳо тавонистанд, ки  фарҳангу тамаддун, расму оин, забону ҳунари ниёгони худро то ба имрӯз ҳифз карда, ба насли баъдии худ ба мерос гузоранд.

Оид ба шарҳи истилоҳи «Сада», дар сарчашмаҳои таърихиву адабӣ андешаҳои гуногун зикр шудаанд. Аз он ҷумла, машҳуртарин ташреҳи мардумӣ ин аст, ки «сада» аз шумораи сад (100) гирифта шуда, маънояш  аз панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз иборат буда, замони фарорасии Наврӯзро ифода мекунад.

Бо шарофати фарорасии иди Сада мардуми тоҷик ҷӯйбору заҳкашҳоро тоза менамоянду боғу токзорҳоро яхобмонӣ мекунанд. Ҳамзамон, то омадани Сада усулҳои омодагии замин барои кишт ва таври ғизонок намудани бехҳои дарахтон ба амал меояд.

Таҷлили ҷашну суннатҳои мардумию миллии тоҷик, аз қабили Сада, Наврӯз, Меҳргон барои аз нав зинда  намудану ба насли оянда мерос гузоштани нозукиҳои тоҷиконаи он қарзи ҷонии ҳар як фарди солимақли ҷомеаи тоҷикистонӣ мебошад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *