Дар асоси Фармоиши Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ин навбат масъулини Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ, бо мақсади омӯзиши фаъолияти кори ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ ва ба низом даровардани ҳуҷҷатгузориҳои ҳизбӣ, иҷрои Оиннома ва Низомномаи ҳизбӣ, санаи 8.02.2022 аз фаъолияти ташкилии ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ТИ минтақаи ҷамоати Зарзамин дидан намуданд. Зимни санҷиш ҷиҳозонидани ҳуҷраи ҳизбии ташкилот ва ҳуҷҷатгузориҳо аз назар гузаронида шуд ва оид ба бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дастурҳои методӣ дода шуд.