Рубрики
Uncategorized

Бобоҷон Ғафуров: Саҳми ҳизбиён дар ҷамъоварии тиллои сафед

    Тибқи нақша- чорабинии шуъбаи кор бо занони КИВ  ҲХДТ ва КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар хоҷагии кооперативи тиҷоратии  ба номи  Ҷаббор  Расулов , ҷамоати деҳоти Ёва бо чинакчиён мулоқот доир гардид. Барои ҷамъоварии тиллои сафед дар    хоҷагии деҳқонии мазкур зиёда аз 100     нафар ҳашарчиён аз ҳисоби занон, аъзоёни фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Шӯрои собиқадорон, соҳибкорон  ҷамъ омада, ба ҳисоби миёна  ҳар як нафар 65  кг пахта чида, ба хирмани пурбори мамлакат супорида истодаанд.

      Дар вохӯрӣ мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд  Маннонова  Заррина ва мудири шуъбаи  кор  бо занони  КИ ҲХДТ  дар ноҳияи  Бобоҷон  Ғафуров  Солиева  Муяссара   иштирок намуданд.

      Мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд  Маннонова  Заррина  дар баромади хеш оиди масъалаҳои  мубрами рӯз    ибрози ақида намуд ва миннатдории Раиси КИВ ҲХДТ  Исмоилзода  Зуфар  Муртазохонро  ба чинакчиён расонид.

    Зимни суҳбат маълум  гашт,  ки  дар  ин  ҷо  чинакчиёни  беҳтарин  Қаҳҳорова  Матлуба,  Каримова  Мавҷуда,  Насруллоев  Абдувалӣ  ва  Бобоева Омина  мебошанд,  ки   дар  давоми  рӯз  аз  100 то 150 кг тиллои  сафед  ҷамъоварӣ  намуда,  ба   ин  васила  ба  хирмани  кооперативи  мазкур  хиссаи  арзандаи  худро  мегузоранд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *