Рубрики
Асосӣ Мақола

БОБОҶОН ҒАФУРОВ: Таассурот аз чорабиниҳои идона бахшида ба ҷашни 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Имрӯзҳо ман худро ифтихорманд ва сарбаланд аз он меҳисобам, ки дар чунин кишвари ободу зебо ва тинҷу осоишта умр ба сар мебараму зиндагии осоишта дорам.

Боиси сарфарозист, ки ҳамасола дар кишвар санаи 16-уми ноябр ҳамчун ҷашни муқаддас барои миллату давлати мо бо шукуҳи шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад. Баргузории Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамчун Иҷлосияи тақдирсоз эътироф шудааст, барои наслҳои имрӯзу ояндаи мо ҳамчун рӯзи фархундаи миллат ва тантанаи адолат азизу арзишманд арзёбӣ мегардад. Қайд кардан зарур аст, ки бузургтарин хизмати Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин интихоб шудани роҳбари хирадманди мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки бо иродаи қавӣ ва матонату ҷасорати худ аз пайи раҳонидани Тоҷикистон аз фоҷеаи миллӣ саъю кӯшиҳои беназир намуда, Ватанро аз парокандагӣ ва мардуми онро аз ҳиҷрат наҷот бахшида, миллионҳо нафар гурезаҳоро ба Ватан баргардонд, ки ин ҳодисаҳо ҳеҷ гоҳ аз хотири халқи тоҷик фаромӯш намегардад. Имсол аз баргузории ин рӯйдоди муҳим 30 соли пур гардид.

Ба ин муносибат дар Қасри Арбоб бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чорабинии тантанавӣ доир гардид.

Дар ин чорабинӣ, ки бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор шуд, собиқ вакилони Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Ҳукумати кишвар, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолони мамлакат, аз ҷумла намояндагони қишри фардои ҷомеа – ҷавонон иштирок намуданд.

Ҷамъомади идона дар сатҳи баланд ва бо шаҳомати беназир доир шуда, иштирокдорон бо таассуроти амиқ ва руҳияи болида як ҷаҳон ғизои маънавӣ бардоштанд. Мо низ аҳли кормандон аз тамошои ин чорабинии бошукӯҳ ва пеш аз ҳама аз суханрониҳои сарвари давлат  як ҷаҳон маънӣ гирифта, худро сарбаланду хушбахт меҳисобем.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таъкид ба нақши Иҷлосияи тақдирсоз дар симои аҳли ҳузур кулли сокинони мамлакатро ба ифтихори 30 – юмин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфтанд.

Роҳбари Олии мамлакат Иҷлосияи тақдирсозро сарчашмаи оғози раванди давлатсозии тоҷикон унвон намуда, таъкид доштанд, ки ба шарофати Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ қатъ гардида, давлат аз нобудӣ ва миллат аз парокандагӣ раҳо бахшида шуд, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ барқарор, асосҳои сохти давлатдории муосир – давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва рушди устувори иқтисодӣ таъмин шуд. 

Воқеан Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рӯйдоди муҳими таърихӣ ва  тақдири минбаъдаи халқи тоҷикро муайян намуда, давлатро аз хатари нобудӣ наҷот бахшид.

Имрӯз бо гузашти сӣ сол барои мо, сокинони сарбаланду шарафманди Тоҷикистони азиз, бахусус ҷавонон шароити муносиб фароҳам омадааст, ки аз ин рӯйдоди таърихӣ сабақ омӯхта, ҷиҳати таъмини пешрафти Ватани азизамон ва расидан ба дастовардҳои тозаву навин, музаффариятҳои арзанда ва натиҷаҳои баланди тараққиёт тамоми дониш, нерӯ ва иқтидори худро равона намоем.

Пешвои муаззами миллат дар таърихи 12 декабри соли 1992 дар муроҷиатномаи худ ба мардуми шарифи Тоҷикистон чунин иброз дошта буданд: «Тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои ободиву пешрафти Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам.

Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам…».

Таърих ва ҷомеаи ҷаҳон шоҳид гардид, ки фарзанди фарзонаи миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи татбиқи ваъдаи худ садоқат, ҷасорат ва матонат зоҳир намуда, барои халқи азияткашида ва ҷафодидаи тоҷик олитарин ва нодиртарин дастовард – сулҳро эҳдо бахшиданд.

Сарвари муаззами миллат дар лаҳзаҳое ба майдони давлатдорӣ ворид шуданд, ки мардум аз тарси ҷон на парвои мансаб доштанду на вазифа, гузашта аз ин, ҳеҷ касе ҷасорат надошт чунин як масъулияти бузургро, ки кафолати зинда монданро надошт, ба дӯш гирад. Маҳз дар чунин вазъият бо инояти Офаридгор дар ҳаёти мардуми тоҷик саҳифаи дурахшон ифтитоҳ ёфт, ки дар меҳвари он Эмомалӣ Раҳмон қарор доштанд.

Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба ифтихори 30 – юмин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар макони муқаддас – Қасри Арбоб ироа гардид, дастури роҳнамо ва ҳуҷҷати созандаест, ки моро аз таҷрибаҳои таърихӣ сабақ дода, дар роҳи ҳифзи сулҳ, истиқлоли давлатӣ ва гиромидошти арзишҳои миллӣ ҳидоят менамояд.

Пешвои муаззами миллат таъкид доштанд, ки “Ман дар назди ин халқи қаҳрамону матинирода сидқан сари таъзим фуруд меорам. Агар тайи сӣ сол хурду бузурги мардуми Тоҷикистон сиёсати пешгирифтаи моро дастгирӣ намекарданд, мо ба сулҳу оромӣ ва пешрафту тараққиёт, яъне ба ин рӯзҳои нек намерасидем”.

Бинобар ин, ифтихор аз он мекунам, ки чунин марди ватандӯсту ватансоз, худшиносу худогоҳ, хирадманду дурандеш, созандаву бунёдкор, мардумӣ ва раиятпарвар,  пеш аз ҳама шахсияти волосиришт ва меҳрубону оқил Пешвои мост. Мо миллати тоҷик бояд шукрона аз он кунем, ки чунин марди худодод сарвару раҳбари мост.

Бигзор, Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун таҷрибаи нодири таъмини сулҳи мардуми тоҷик бошад ва  дар роҳи ҳифзи оромӣ ва осоиш мондагор бошад. Бояд ҳар яки мо созандагию бунёдкориро ҳадафи асосии зиндагии худ қарор дода, баҳри пешрафти кишвар, беҳбудии зиндагии мардум саҳми арзандаи худро гузорем.

Негматҷонова С – мудири бахши умумии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *