Рубрики
Uncategorized

БОБОҶОН ҒАФУРОВ: Танзим ва маънавиёти мардум

                              

Дар ташкилоти ибтидоии маҳаллаи Хоҷагулистони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тибқи нақшаи чорабиниҳо оид ба рафти иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” мулоқот доир гардид.

Раиси Шӯрои занони ташкилоти ибтидоӣ Обидова М дар бораи аҳамияти Қонуни мазкур ва дар амал татбиқ намудани он сухан ронда, аз бонувон даъват ба амал оварданд, ки дар риояи Қонун масъулият ҳис намоянд. Зеро иҷрои Қонун барои барои ҳар як сокини кишвар фарз аст ва саркашӣ ё итоат накардан ба он шаҳрвандонро ба ҷавобгарӣ мекашад.

Инчунин, аъзои гурӯҳи тарғиботии ташкилоти ибтидоӣ Муродова Д оиди ин мавзӯъ баромад намуда, зикр кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қабули Қонуни ҶТ “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” дар баробари баланд бардоштани сатҳи зиндагонии сокинони мамлакат, ба ҷодаи маънавият ва фарҳанги воло раҳнамун кардани мардуми кишварро дар назар доранд. Зеро дар меҳвари ин Қонун фарҳанг ва маърифати баланди худшиносӣ қарор дорад, ки дар фаҳмишу дарки дурусти масоили иҷтимоӣ нақши бориз дорад. Арҷгузорӣ ба арзишҳои маънавӣ низ яке аз аҳдофи ин Қонун буда, он дар усули баргузории маъракаҳо, муносибати мардум ба чорабиниҳои суннатӣ ва муосир инъикос меёбад.  Амалӣ шудани қонун дар таҳавулоти маънавӣ ва тағйирёбии равонии мардум муассир аст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *