Рубрики
Uncategorized

БОБОҶОН ҒАФУРОВ: Тарбияи ватанпарастӣ

                        

    Дар ҳама замон мавзӯи Ватан – Модар ва эҳтироми онҳо дар маркази таваҷҷуҳи ҷомеа ва яке аз иқдомҳои баландтарин дар такомули шахсияти комил буду ҳаст.Бодарназардошти муҳимияти ин масъала дар суханрониҳояшон Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, ки “…тарбияи ватанпарастӣ арзиши муқаддас буда, садоқатмандии шаҳрвандонро ба ватани хеш дар назар дорад ва танҳо шахси воқеан ватандӯст метавонад, дилсӯзона ва бо тамоми ҳастӣ ҳифзи амният ва ободонии ватани худро таъмин созад”.

   Маҳз дар мактаб дар ҷараёни дарс дар ниҳоди ҷавонон сифатҳои воло – ифтихори миллӣ, ватандӯстӣ, ахлоқу одоби миллӣ, поквиҷдонӣ, эътиқоднокӣ ва дигар арзишҳо парвариш ва  инкишоф меёбад.

   Имрӯз мактаб бо ташкили чорабиниҳои гуногун , бо ба роҳ мондани вохӯриву мулоқотҳо, маҳфилҳои ҷолиби ҳарбию варзишӣ, фарҳангию мубоҳисавӣ , аз қабили ташкили боздиди хонандагони синфҳои болоӣ аз қисмҳои низомӣ, ташкили маҳфилҳои “Ватанпарвар”,”Муҳофизи Ватан”,”Ҳомии Ватан”ва боз тадбирҳои дигар барои ташаккули тарбияи ҳарбӣ – ватанпарварии насли ҷавон метавонад, заминаи муҳим гузорад.

  Бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон, пешгирӣ аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро мудири шуъбаи занони кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ бо хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №18 мулоқот доир намуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *