Даврони истиқлолият занро нерӯи тозаи созандагӣ бахшид, таваҷҷӯҳ ба зан, баланд бардоштани мақоми ӯ дар ҷомеа рукни муҳими сиёсати давлатӣ гашт. Давлат пуштибони зан ва зан такягоҳи давлат шуд.Воқеан дар ҷомеаи кунунии Тоҷикистон майдони фаъолияти занон хушбахтона хеле васеъ шудааст .Имрӯз зан – роҳбар,омӯзгор, табиб,муҳандис,соҳибкор,ҳунарманд,санъаткор,ронанда,мураббӣ ва тарбиятгари насли башар аст. Дар Кӯдакистони №4-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо роҳбарии Манзура Раҳимова мурраббиёне фаъолият мебаранд, ки баҳри тарбияи насли наврас софдилонаву сидқидилона хизмат карда истодаанд. Дар чорабинии идона бахшида ба Рӯзи Модар мудири шуъбаи занони кумитаи иҷроияи ноҳия иштирок намуда, табрикоти раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Амирҷон Анварзодаро расонид. Шарипова Дилором ғолиби озмуни ноҳиявии “Мураббии сол” дар арафаи ин ҷашн бо “Сипоснома ва туҳфаи хотиравӣ қадрдонӣ гардид. Дар ҳақиқат,занон ҳамеша чун чашмаи мусаффо ва давомбахши насли оянда бо нерӯи созанда ҷавҳари ҷомеа буданду ҳастанд ва хоҳанд буд.
Рубрики
БОБОҶОН ҒАФУРОВ: Тарбиятгари насли башар
