Рубрики
Асосӣ Мақола

Бобоҷон Ғафуров: Терроризм ва экстремизм – падидаи номатлуби замони имрӯза

   МАҚОЛА: Дар ҳақиқат терроризм падидаи номатлуби замони муосир буда, фаҳмиши он дар содир кардани ҷиноятҳои вазнин, аз қабили қатлу куштори мардум, ба гаравгон гирифтани одамон, тарконидани иншоотҳои маишиву фароғатӣ,  рабудани  воситаҳои гуногуни нақлиётӣ ба сифати гарав ва амсоли он дониста мешавад.

     Экстремизм бошад, хислати ҷудоихоҳӣ, ифротгароӣ ва иғвоангезиро дар худ таҷассум намуда, бо терроризм алоқаи зич дорад. Бо ибораи дигар экстремизм, терроризм аст. Вале ҷомеаи моро ҳамин матлаб кифоя аст, то ки бидонем ин ҳарду комилан хатари калони парокандагиву бесуботиро доро буда, оқибати басо нохуш дорад.

      Тоҷикистонро давлати ҷавонон ном бурдани Пешвои миллат, ифодагари он аст, ки он кас ба қувваю иродаи ҷавонони кишвар итминони комил доранд ва хоҳони он ҳастанд, ки насли наврасу ҷавони кишвар ин рисолати худро сарбаландона иҷро намуда, аз паи омӯзишу татбиқ бошанд.

       Зеро қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сиёсати давлати ҷавонон” ифодагари мақом ва таваҷҷуҳи хосаи роҳбарият мебошад.

       Дар замири ҷавонон ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси худшиносиву ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида, сабру таҳаммул, омӯзиши илму ҳунар ва касбу кори муосир ва эҳтироми волоияти қонунро бояд омӯхт.

        Онҳо дар оянда ҳамчун намояндагони сазовор ва шоистаи миллати хеш Ватани азизамонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ карда тавонанд.

        Имрӯз ҳар як фарди ҷумҳурӣ бояд дарк намояд, ки ошкору бартараф намудани зуҳури ин гуна амалҳои номатлуб на танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳамчунин вазифаи ҷонии ҳар як шаҳрванди баномуси миллат мебошад.

      Мо хуб дарк мекунем, ки дар як қатор давлатҳо идома доштани ҷангҳои харобиовар боиси афзоиши шумораи фирориёни иҷборӣ, бекорӣ, гуруснагӣ ва шиддат гирифтани муаммоҳои дигари иҷтимоӣ гардидаанд.

      Бинобар ин тамоми қишрҳои ҷомеаро зарур аст, ки дар самти мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароӣ дастҷамъона ва беамон мубориза баранд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *