Рубрики
Асосӣ Мақола

БОБОҶОН ҒАФУРОВ: Хизмат ба Ватан шараф аст

МАҚОЛА: Шукронаи даврони Истиқлол , ки имрӯзҳо садҳо ҷавони кишвари азизамон барои рафтан ба хизмати ҳарбӣ ихтиёран худро дар комиссариатҳои ҳарбӣ номнавис мекунанд, то ки дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон содиқона хизмат кунанд.

Ин гувоҳи он аст, ки шароити хуби хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ теъдоди зиёди ҷавононро бо хоҳиши худ ба ҳимояи марзу буми Ватан ҷалб месозад. Ҳамзамон, дар шаҳру ноҳияи кишвар корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ва омодагии ҳарбии ҷавонон дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Бовар дорем, ки ҳисси баланди масъулиятшиносӣ нисбат ба ҳифзу ҳимояи марзу буми Ватанро ҷавонон аз вазифаҳои муҳими худ дониста, баъд аз гирифтани даъватнома барои хизмат сари вақт ҳозир мешаванд.

Воқеан, хизмат ба Ватан қарзи ҳар шаҳрванд буда, далериву ҷасурӣ ва ҷавонмардии ҳар нафари бо нангу номусро талаб мекунад. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ боиси ифтихору сарбаландист. Бояд ҷавононро ҳанӯз аз даврони мактабхонӣ ба хизмати Ватан омода кард. Дар мактабҳои миёна зарурати хизмати ҳарбиро амиқу дақиқ бояд омӯзонд. Ҳар ҷавон пас аз хатми мактаб бояд хизмат ба Ватанро вазифаи аввалиндараҷа донад.

Барои насли ҷавон яке аз муҳимтарин мактаби обутоб хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат аст. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон шуҷоату мардонагӣ омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт, дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро ёд мегиранд.

Ватанпарастӣ арзиши муқаддас ва яке аз рукнҳои муҳимтарини тарбия мебошад.

Тарбияи ватанпарастӣ аз оила, кӯдакистон, мактаб оғоз шуда, дар ҷомеа ниҳоят, дар сафи Артиши миллӣ рушд меёбад. Дар шуури бачаҳо бедор сохтани ҳисси муҳаббат ба диёр, кишвар ва сарзамин вазифаи падару модарон, ҷомеа ва омӯзгорон мебошад.

Тибқи моддаи 43-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванд аст». Чунончи Президенти кишвар, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ таъкид менамоянд: «Ватандӯстӣ ва амнияти миллӣ асоси сиёсати давлати мо мебошад».

Хизмати ҳарбӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ва дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ду маротиба дар як сол баргузор мегардад. Ба хизмати ҳарбӣ тибқи қонуни мазкур танҳо шаҳрвандони ҷинсашон мард, ки синнашон аз 18 то 27 расидааст даъват карда мешаванд. Муҳлати хизмати ҳарбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 моҳ буда, барои даъватшавандагони маълумоти олидор 12 моҳ мебошад.

Метавон гуфт, ки татбиқи чорабиниҳои даъватӣ дар ниҳоди ҷавонон ҳисси ватандӯстиро бедор кардааст, ки ин омил метавонад дар баланд бардоштани иқтидори мудофиавӣ ва ҳифзи содиқонаи марзи кишвар мусоидат намояд.

Хизмат ба Ватан ин шарафу номус ва қарзи ахлоқию ҳуқуқии ҷавонмардон ба ҳисоб меравад. Пас, биёд, родмардони шуҷоъи кишвар, ба хизмати Модар-Ватан софдилонаю сидқидилона камар бандему баҳри гул-гулшукуфоии кишвари маҳбубамон саҳми босазое гузорем.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *