Таҳти ин унвон дар ташкилотҳои ибтидоии маҳаллаи “Ғалаба” ва “Поён” бо иштироки мудири шуъбаи занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мулоқот доир гардид.
Дар рафти вохӯрӣ зикр гардид, ки оилаи солим манбаи меҳру вафо, завқу шавқ, маърифату маданият, донишу илҳом, мақсаду маром, орзуву ҳавасҳои нек ва нерӯву тавоноии ҳар як инсон ба шумор меравад. Ҳангоми барҷо будани иззату эҳтиром ва одоби муоширати одилонаю инсонпарварварона дар оила ҳар як узви он метавонад аз арзишҳои олии номбурда бо ҳамаи самараву баракоти пурбораш бархурдор гардад. Маҳз, ҳамин оилаҳо заминаи меҳварию муҳими бунёдкунандаи ҷомеаи тавонову устувор, осоиштаю тамаддунофар, таъмингари иҷтимоияти одил ва иқтисодиёти мунтазам рушдёбанда мебошанд.Баръакси ин дар оилаҳои носолим , дар ҷое, ки нофаҳмию зиддият, беэҳтиромию зӯроварӣ ҳукмфармоӣ менамояд, хатари баланди ҷамъияти нуҳуфта, эҳтимолияти ба вуқӯъ пайвастани ҳодисаҳои нохуш ва оқибатҳои вазнину нангини он вазъияти ҷомеаро ҳамвора халалдор месозад.
Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки солҳои охир шумораи чунин оилаҳои носолим то як андоза афзуда, қурбонии онҳо бештар занону фарзандон гардида, таъсири манфӣ ба таълиму тарбияи насли наврас низ мерасонад.
Ҷиҳати пешгирӣ ва рафъи зӯроварӣ дар оила аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои зиёд ба анҷом расонида, баҳри дуруст ташкилу роҳандозӣ намудани фаъолияти мақомоту муассисаҳои давлатӣ ва ниҳодҳои шаҳрвандӣ дар ин самт пеш аз ҳама заминаи ҳуқуқии даркорӣ фароҳам оварда шудааст.Солҳои аввал қарору барномаҳои ҳукуматӣ тавсиб гардида, дар соли 2013 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” қабул шудааст, ки дар он муқаррароти мукаммал баён гардида, салоҳияти ҳамаи субъектони номбурда ба таври возеҳу мушаххас пешбинӣ шудаанд.Аз ҷумла, дар моддаи 12-и Қонуни мазкур ваколатҳои мақомоти соҳаи маориф оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила пурра зикр гардидааст.
Хушунати оилавӣ мушкилии танҳо як оила набуда, балки муаммои кулли ҷомеа мебошад. Аз ин рӯ, якҷоя бар зидди зӯроварӣ дар оила бояд амал кард.