Рубрики
Uncategorized

БОБОҶОН ҒАФУРОВ: Ҳифзи Ватан вазифаи имониву ҷонии мост

   Намояндагони миллати соҳибҳунар ва тамаддунофари мо дар тӯли таърих ҳамеша дӯстдори Ватан буданду онро бо баҳои ҷонашон ҳифз намуда, то ба мо оварда расонидаанд.Ҳангоми калимаи Ватанро ба забон овардан инсонро ҳиссиёти аҷибе фарогир мешавад. Ҳифзи Ватан вазифаи имониву ҷонии ҳар яки мо буда, ин меҳани муқаддасро бояд беш аз ҳарвақта дӯст дорему муҳофизат намоем.Мо бояд аз қаҳрамонони фидоии халқамон , ба монанди Спитамен,Темурмалик ва Восеъ дарси ибрат гирем, ки ҳеҷ гоҳ сари худро пеши аҷнабиён хам нанамуда, то охирин нафас баҳри ҳимояи зодгоҳи хеш талош намуданд.

      Таъмини фазои орому осудаи Ватан ва амнияти ҷомеа  аз муҳимтарин вазифаҳои давлат маҳсуб гардида, яке аз ҳадафҳои Барномаи Ҳиби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Вобаста ба он таълиму тарбия ва руҳану ҷисман омода намудани ҷавонони  синни даъватӣ барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурӣ беш аз пеш аҳамияти муҳим пайдо менамояд.

    Доири ин масъала мудири шуъбаи занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 7-и ноҳия мулоқот доир намуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *