МАҚОЛА: Ватан барои ҳар як инсони ватандӯст ҷои муқаддасу азиз аст, ки ҳамеша меҳру муҳаббати он дар мадди аввал меистад. Воқеан, вақте ки мо Ватан мегӯем пеши назарамон хонаю дари мо, модари мо ва меҳрубониҳои он ҷилвагар мегардад. Вақте ки хизмати Ватан мегӯем, беихтиёр чеҳраи сарбозони шуҷоъи Ватан пеши назар намоён мегардад. Хизмат дар сафи Артиши миллӣ ва ҳомии Ватан будан дар сарҳад, дар он ҷое ки Ватан талаб мекунад, барои ҳар як ҷавони ватандӯст шараф ва обрӯи бузург аст.
Воқеан 23-феврали соли 1993 дар таърихи соҳибистиқлолии кишвари азизамон бо таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ саҳифаи тозае боз гардид. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи даврони истиқлолияти давлатӣ ва яке аз дастовардҳои муҳими он ба ҳисоб рафта аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ дар назди онҳо вазифаҳои муқаддасу пуршараф – ҳимояи соҳибихтиёрӣ, таъмини сулҳу субот, ҳифзи амнияти давлат ва ҷомеа гузошта шуданд. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замоне таъсис ёфт, ки вазъи кишвар ногувору вазнин буд. Президенти кишвар сарварии Артиши миллиро ба ӯҳдаи худ гирифта, тавонистанд дар он солҳои вазнин бо тамоми вуҷудашон мубориза бурда, баҳри озодии кишвари азизамон бо душманони нохалаф мубориза бурданд.
Мо бо ин марди далеру шуҷоъ, бо хизмати софдилонаю ватандӯстонаи низомиёну афсарони кишвар, фарзандони далеру ҷасур ва ғаюри Ватану миллат ифтихор мекунем.
Инак, ба таъсисиёбии Қувваҳои Мусаллаҳи ҶумҳурииТоҷикистон 29 солпур шуд. Дар тӯли 29 соли таъсисёбиаш Қувваҳои Муссалаҳ ба дастовардҳои назаррас ноил гаштааст.
Маҳз, бо ташаббусу дастгириҳои Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бинои ситоди қисми ҳарбӣ ва хобгоҳҳо дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишвар ба истифода дода шуда, мунтазам аз вазъи саломатӣ, зисти афсарону аскарон ва низомиён бохабар мешаванд ва диққати махсусе медиҳанд.
Ҳимояи Ватан, хизмат ба он қарзи ҳар як шаҳрванди баору номус ба ҳисоб меравад. Ватан ин беҳтарин неъматест, ки худованд барои мо ато карадааст.
Мо, ҷавонони даврони истиқлоли кишвар бо шукргузорӣ аз ватани худ, бояд ба боварии Пешвои миллат арзанда бошем. Ба назди худ мақсад гузорем, ки дар ободӣ ва тараққиёти кишвари азизамон ҳамеша камар мебандем.
Хизмати Модар-Ватанро аз дилу ҷон мекунем,
Ҳар нафас шаъну шукӯҳашро фаровон мекунем.
Бас, ки моро ӯ ба меҳри модарӣ парвардааст,
Дар вафодорӣ барояш аҳду паймон мекунем,
Дар канораш зиндагӣ дорем бо шавқу сурур,
Баҳри фирӯзии он ғайрат дучандон мекунем.