Тибқи ҷадвали пешниҳодгардидаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, санаи 13 январи соли 2022 дар толори МХБ-и ҷамоати деҳоти Хистеварз, маҷлиси ҳисоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба ҷамъбасти соли 2021 баргузор гардид.
Дар маҷлиси ҷамъбастӣ муовини раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд – Исматҷонов Б, муовини раиси ноҳия-Турсунзода Д, собиқадори ҳизб-Маҷидзода М, ҳамчунин раиси комиссияи тафтишотии кумиҷроияи ноҳиявӣ, раисони кумитаи иҷроияи ибтидоӣ ва ташкилотҳои ибтидоӣ, фаъолон ва собиқадорони ҳизб иштирок намуданд.
Сараввал раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Анварзода Амирҷон маҷлиси ҳисоботиро оғоз намуда, ҳозиринро хайра мақдам гуфт. Сипас раиси ҷаласа ба аҳли нишаст рӯзномаи маҷлисро пешниҳод намуд. Дар маҷлис масъалаҳои зерин баррасӣ гардид:
1. Ҳисоботи фаъолияти кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар соли 2021 ва вазифагузориҳо барои соли 2022
2. Тасдиқи нақшаи тарғибу ташвиқи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
3. Тасдиқи нақшаи фаъолияти кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои соли 2022
4. Оид ба даровардани таъғирот ба ҳайати кумитаи иҷроия
5. Тасдиқи қарорҳои кумитаи иҷроияи ибтидоӣ ва ташкилотҳои ибтидоии назди кумиҷроияи ноҳиявӣ
6. Масъалаҳои ҷорӣ
Аз рӯи масъалаи якум раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Анварзода А доир ба фаъолияти кумиҷроия дар соли 2021 маърӯза намуд. Сипас, мудири шуъбаи маорифи ноҳия- Бобоева Д, муовини раиси ташкилоти ибтидоии “Фарҳангчиён”-и ноҳия – Ҳасанова Биҷаннат, муовини раиси ташкилоти беморхонаи марказии ноҳия-АсатуллоевА ба музокира баромаданд.
Баъдан, барои баррасии масъалаи дуюми маҷлис, сухан ба мудири шуъбаи занони кумиҷроияи ноҳиявӣ – Солиева М дода шуд. Боқимонда масъалаҳо бо лоиҳаи нақшаи тарғибу ташвиқ, барои тасдиқу пешниҳодҳо дастраси аҳли нишаст гардида буд.
Ҳамаи масъалаҳое, ки дар рӯзнома ҷой дошт, аз ҷониби аъзоёни раёсат баррасӣ гардида, лоиҳаи қарор омода гардид.
Дар охир дар вазъи тантанавӣ аз ҷониби КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба якчанд аъзоёни фаъоли ҳизб, ки саҳми арзандаи худро барои пешрафти кори ҳизб мегузоранд, бо медали ҷашнӣ, туҳфаҳои хотиравӣ ва Сипосномаи КИ ҲХДТ дар вилоят ва ноҳия сарфароз гардонида шуданд.
Ба чанд нафар аъзоёни аъзоёни тозаинтихоб шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд. Бо ҳамин кори ҷаласа ба интиҳо расид.