Рубрики
Асосӣ

БОЗДИДИ ШУНАВАНДАГОНИ ЗАХИРАИ КАДРИИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ ЗАФАРОБОД АЗ КИ ҲХДТ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД

Имрӯз дар маҷлисгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд вохӯрӣ бо шунавандагони  курси захираи кадрии Кумитаи иҷроияи ноҳияи Зафаробод бо Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон баргузор гардид.  Дар доираи татбиқи Барномаи давлатии “Тарбия, интихоб ва ҷо ба ҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017 -2022” дар назди кумитаи иҷроияи ҲХДТ ноҳияи Зафаробод мактаби омодакунии захираҳои кадрӣ амал мекунад. Раиси кумиҷроияи вилоятӣ қайд намуд, ки ҲХДТ “Сиёсати рӯй овардан ба ҷавонон”–ро, ки яке аз самтҳои асосии марҳалаи имрӯзаи рушди давлатдории миллӣ маҳсуб мешавад, тавсеа бахшида, дар роҳи расидан ба ин ҳадаф барои ҳарчи беҳтар гардонидани шароити рушди маънавию ахлоқӣ, таҳсил ва кору фаъолияти ҷавонон тадбирҳо меандешад. Дар ин раванд,  бояд дар зеҳну шуури насли наврас ва ҷавонони мамлакат ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси гарми худшиносиву ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида, эҳтироми падару модар ва калонсолон, сабру таҳаммул, омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунарҳои муосир, меҳнатдӯстӣ ва риояи волоияти қонунро тарбия намоем, то онҳо дар оянда ҳамчун фарзандони шоиста кору пайкори насли калонсолро идома бахшида, Ватани азизамонро ба ҷаҳониён муаррифӣ карда тавонанд.

Раиси кумиҷроияи ноҳияи Зафаробод Тӯйғун Шарифзода қайд намуд, ки дар фаъолияти  мактаби захираи кадрҳои назди кумитаи иҷроияи ноҳияи Зафаробод бо диду назари хоса фаъолият намуда, соли равон ба 25 нафар ҷавонони боистеъдоду лаёқатманд , олимону коршиносон, ходимони барҷастаи давлатӣ тибқи барномаҳои мукаммал дарси илму маърифат гуфтанд. Дар мактаби захираи кадрҳо занон ва ҷавонон аз мактаби бузурги роҳбарии шахсиятҳои варзида сабақ меомузанд. Дар мактаби захираи кадрҳо ба шунавандагон беҳтарин донандагони касби хеш дарс мегуянд.

Мақсади мактаби мазкур дарёфт ва дастгирии ҷавонони боистеъдоду қобилияти сарваридошта, такмили донишҳои иқтисодӣ, ҳуқуқӣ, шаҳрвандӣ, маърифат ва фарҳанги сиёсӣ, омӯзиши асосҳои демократия, идоракунии давлат ва ҷалби онҳо ба ҳаёти ҷамъиятиву сиёсии мамлакат мебошад. Зеро асоси тафаккури нави сиёсӣ ва фарҳангии ҷавононро бояд ғояи таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ваҳдату худшиносии миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, таъмини амнияти давлату миллат, ҳифзи тамомияти арзӣ ва манфиатҳои умумимиллӣ ташкил диҳад.

Бо талош ва таваҷҷуҳи рӯзафзуни Пешвои муаззами миллат ҳама соҳаҳо рушд карда, дар самти баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа, муҳайё сохтани шароити мусоид барои таълиму тарбияи онҳо, илму касбомӯзӣ, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои муосири иттилоотиву коммуникатсионӣ тамоми шароити зарурӣ муҳайё гардида, барои амалӣ гардидани ташаббусҳои онҳо заминаи мусоид фароҳам омад.

Дар охир шунавандагони мактаби захираи кадрии кумитаи иҷроияи ноҳияи Зафаробод аз ҳуҷраҳои кории кормандони кумиҷроияи вилоятӣ дидан карданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *