Рубрики
Асосӣ

Боздид аз роҳи мошингарди зарардидаи назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53 ва шиносоӣ бо корҳои бартарафсозии офати табиӣ дар канали Девонасой ва маҳаллаи Хатти Роҳи шаҳри Кӯлоб

15 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб аз мавзеъҳои бар асари сел зарардида боздид намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст аз роҳи автомобилгарди зарардидаи назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 53 боздид ба амал оварда, бо корҳои бартарафсозии офати табиӣ дар канали Девонасой шинос шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки оби каналҳои Шӯраксой бо дарозии 6251 метр, Девонасой бо дарозии 6700 метр ва Тебалай бо дарозии 18 700 метр аз ҳудуди ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин, Мӯъминобод ва қисми болоии шаҳри Кӯлоб ҷорӣ гардида, ба пуррагӣ аз дохили маҳаллаҳои аҳолинишини шаҳр мегузарад. Оби каналҳои зикргардида ба дарёчаи Кӯлоб ворид шуда, дар ноҳияи Восеъ бо дарёи Ёхсу якҷоя мешавад. Манбаи асосии оби каналҳои зикршуда барф ва боронҳои мавсимии пуршиддати баҳорон мебошад.

Ёдовар мешавем, ки 11 майи соли равон бинобар боридани зиёди борону жола сел ба вуҷуд омад ва дар натиҷаи офати табиӣ дар кӯча, маҳалла ва деҳоти шаҳр, ҳамагӣ ба 145 хона, аз ин шумора 43 хона пурра, 102 хона қисман ва 606 иншооти ёрирасон хисороти ҷиддӣ расид. Инчунин, 10 адад пул, 4 адад муассисаи таълимӣ ва томактабӣ, 6 километр роҳҳои автомобилгарди кӯчаву маҳаллаҳо, хатҳои интиқоли барқ, 7 зеристгоҳи барқӣ, зиёда аз 13 километр хатҳои обёрии каналҳо, 5 агрегати барқӣ, 128 садяк замини кишти зироат, 128 сар ҳайвони калону майдаи шохдор зарар дид. Маблағи умумии хисороти расида 45,5 миллион сомониро ташкил медиҳад.

То ба имрӯз бо ҷалби техникаҳои зарурӣ дар маҳаллаҳои Хатти роҳ, Даминзода ва маҳаллаи Нонбойи Поён, ки аз офатҳои табиӣ бештар зарар дида буд, корҳои барқарорсозӣ, тоза кардани селобаҳо ва дар умум ба миқдори 5 ҳазор метри мукааб гилу селобаҳо бароварда шуд.

Дар маҳаллаи Фирдавсӣ як адад қубур бо дарозии 14 метр барқарор шуда, дар 182 километрии роҳи Душанбе – Кӯлоб корҳои сохтмонӣ идома дорад.

Айни ҳол дар маҳалли якҷояшавии каналҳои Девонасой ва Шураксой бо дарозии 1350 метр корҳои заминӣ, оҳану бетонӣ ва барқарорсозии иншооти пасткунандаи суръати об ҷараён дорад.

Дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рафти корҳои сохтмонӣ ба коргарон дастуру ҳидоятҳо доданд.

Манбаъ: http://www.president.tj/node/25948

 

 

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *