Рубрики
Uncategorized

Боздид аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ

             Иштирокчиёни курси бозомӯзии раисони кумитаҳои иҷроияи вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии ҲХДТ, ки рӯзҳои 15-19 май дар шаҳри Панҷакент идома ёфт, аз як қатор кумиҷроияҳо ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии  шаҳр боздид намуда, бо фаъолияти онҳо шинос шуданд.

             Аз ҷумла, ба онҳо ҳуҷҷатгузорӣ, ороиши ҳуҷраҳои ҳизбӣ, роҳандозии корҳои тарғиботӣ дар кумиҷроияҳои ибтидоии Маркази саломатии шаҳрӣ, ҶДММ КМ “Зарафшон”, шуъбаи маориф, ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии экспедитсияи иктишофи геологии Моғиён, Маркази дандонпизишкӣ, Маркази табобатии “Шифо”,  Маркази минтақавии дилшиносӣ, ҷамоати деҳоти Косатарош ва дигар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, ки боздид намуданд, писанд омад ва таҷрибаи онҳоро арзандаи дастгирӣ , тарғиб ва татбиқ донистанд. Ҳини боздид аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ба як гурӯҳ аъзоёни нави ҳизб шаҳодатномаи узвият супорида шуд.

             Ҳамчунин онҳо дар  маросими таҷлили Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо, ки дар осорхонаи ҷумҳуриявии таърихӣ- кишваршиносии ба номи Абғабдуллоҳ Рӯдакӣ баргузор шуд, иштирок намуда, кормандони онро бо иди касбиашон шодбош гуфтанд.

             Зимнан, дар ин рӯз дар ҳузури онҳо ба роҳбари дафтари матбуоти Кумитаи иҷроия, муҳаррири нашрияи ҳизбии “Фарвардин”  Турдибой Солеҳзода дипломи ғолибият  дар озмуни “Таассуроти ман аз боздиди осорхонаи таърихӣ- кишваршиносии ба номи Абӯабдуллоҳ  Рӯдакӣ” барои матлаби “Сайри таърих бо Ораш” супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *