Рубрики
Uncategorized

Боздид аз хона-музейи Шоири халқии Тоҷикистон, устод Лоиқ Шералӣ

Таъмини рушди фазои ягонаи фарҳангии мамлакат дар заминаи ҳифз, эҳё ва густариши анъанаю суннатҳои миллӣ ва дастовардҳои фарҳанги миллии замони истиқлол ва арзишҳои умумибашарӣ аз ҳадафҳои авлавиятдоштаи барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Дар арафаи рӯзи мавлуди шоири тавонои тоҷик, устод Лоиқ Шералӣ иштирокчиёни курси бозомӯзӣ аз хона-музей ва пайкараи Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ дар деҳаи “Мазори Шариф” боздид намуданд. Бояд гуфт, ки дар ин деҳа инчунин мақбараи Муҳаммади Башоро (ёдгории меъмории асрҳои XI – XIV) воқеъ аст.

Шоири халқии Тоҷикистон, адиби тавоно Лоиқ Шералӣ яке аз бузургони адабиёти муосири тоҷику форс дар Осиёи Марказӣ маҳсуб ёфта, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва ҷоизаи байналхалқии “Нилуфар” аст.

Аснои боздид иттилоъ дода шуд, ки устод Лоиқ Шералӣ дар ҳамин деҳа, дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби деҳааш ба Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Панҷакент дохил шуда, онро хатм мекунад. Соли 1963 факултаи таъриху филологияи ДДОТ ба номи С.Айниро ба итмом мерасонад. Ин шоири покизагӯ истеъдоди нотакрор дошта, бо тавсияи бевоситаи Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Мирзо Турсунзода ба таври истисно дар синни 24-солагӣ ба туфайли шеъри маъруфи «Ба модарам» ба узвияти Иттифоқи нависандагон пазируфта мешавад.

Устод Лоиқ Шералӣ солҳои гуногун муҳаррири шуъбаи адабиёт, мусиқӣ ва драмаи кумитаи телевизион ва радио, ходими адабии рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон», мудири шуъбаи назми маҷаллаи «Садои Шарқ», мушовири назми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, сармуҳаррири «Садои Шарқ» ва то рӯзҳои охири умрашон раиси Бунёди байналмилалии забони форсии тоҷикӣ будааст.

Иштирокчиёни курси бозомӯзии ҳизбӣ пас аз боздид аз хона-музейи шоир, маҳфили гарми ширу шакар ташкил намуда, ба хондани ашъоре аз эҷодиёти устод пардохтанд, ки хеле хотирмон сурат гирифт. Муҷассамаи шоир пас аз навсозӣ ба зодгоҳаш, деҳаи «Мазори Шариф» оварда шудааст. Зери ин муҷассами зебо иштирокдорон акси хотиравӣ гирифтанд.

Боздидро барои ҳайати ҳизбӣ бародари хурдии устод Лоиқ Ботурҷон Шералиев доир намуд.

– Лоиқ Шералӣ шоири тавонои миллати тоҷик аст, – гуфт муовини якуми Раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ. – Шеъри ӯ дар ҳар хонадон дӯстдоштанӣ буда, ҷаҳони маъниро ифода мекунад.

Устод Лоиқ аз беҳтарин вассофони сулҳу дӯстӣ, зан-модар, сарзамину меҳан, анъанаҳои мардумӣ ва муаллифи расотарин тасвиру таъбирҳо дар адабиёти миллии мо дар поёни садаи гузашта аст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *