Рубрики
Uncategorized

БОНУВОНИ ЗАҲМАТКАШ

     Имрӯз дар ташкилоти ибтидоии “Омӯзгор” тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси ҲХДТ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби мураббияҳои муассисаи таҳсилоти томактабии “Ғунча”-и ноҳияи Шаҳристон дар замини наздиҳавлигии муассиса корҳои побелкунӣ ба анҷом расонида шуда, худи ҳамин рӯз кишти картошкаро оғоз намуданд.

      Сармураббияи муассиса Атоева Ф зимни мулоқот бо мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон Каримова Ш зикр намуд, ки мо тасмим гирифтем, ки ҳавои офтобиро ғанимат дониста, мураббияҳо ва ёрдамчиёни мураббияҳоро ба гуруҳҳо тақсим намоем ва худи ҳамин рӯз кишти картошкаро ба анҷом расонем. Инчунин, боз қайд намуд, ки умедвор аз он ҳастем, ки имсол низ ба монанди солҳои пешин ҳосили фаровон ба даст меорем ва барои фоидаи буҷаи муассиса каме ҳам бошад ҳиссаи худро мегузорем. 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *