Ин маънӣ дар мулоқоти мудири шӯъбаи кор бо занон Мавлуда Тоҷиева ва мудири шӯъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Қобилҷон Ҷалолов бо хонандагони муассисаи таҳсилоти асосии умумии рақами 1 таъкид шуд.
Дар сӯҳбат бо хонандагон ёдоварӣ шуд, ки бо сабабҳои гуногун, аз ҷумла, таваҷҷӯҳ надоштани волидон қисме аз духтарон баъди хатми синфи 9 таҳсилро дар зинаи сеюм ва баъдан коллеҷу донишкадаҳо идома намедиҳанд, касбу ҳунареро азбар намекунанд. Ин бошад дар зиндагии оянда онҳоро ба дастнигар табдил медиҳад, аз ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои худ оҷиз мемонанд.Ҳамчунин, таъкид шуд, ки сатҳи поини маърифати умумӣ ва сиёсӣ боиси гароиши онҳо ба ақидаҳои хурофотӣ ва ифротӣ низ шуда метавонад. Аз духтарон даъват шуд, ки таҳсилро баъди хатми мактаб дар омӯзишгоҳу коллеҷҳо ва донишкадаҳо идома диҳанд, соҳиби касбу ҳунар шаванд, то дар зиндагӣ комёб бошанд.