Рубрики
Асосӣ

БУСТОН: Ташкилоти ибтидоии “Маорифпарвар”аз фаъолияти худ натиҷагарӣ намуд.

Дар ташкилоти ибтидоии  “Маорифпавар”- и назди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон  маҷлиси ҳисоботи интихоботи доир шуд.

Дар кори маҷлис Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон Ҷалолзода Миршакар Саид иштирок намуд.

Тибқи масъалаи якуми рўзномаи маҷлис натиҷаҳои фаъолияти ташкилот аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли 2022 баррасӣ шуда, нақшаи фаъолияти он барои нимсолаи дуюми соли 2022 муайян гардид.

Дар асоси масъалаи сеюми рўзномаи маҷлис бо тарафдории аъзои ташкилот, Муҳаммадиева Фирӯза  дигарбора раиси ташкилоти ибтидоии  “Маорифпарвар”-и назди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон  интихоб шуд.

Дар идомаи маҷлис Раиси Кумитаи иҷроияи Хизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон Ҷалолзода Миршакар Саид қайд намуданд, ки таҳким бахшидани иқтидори илмии кишвар, неруи зеҳнии қишрҳои фаъоли ҷомеа, ҷорӣ кардани ихтироот дар истеҳсолот, устувор гардонидани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҷалби боз ҳам васеи истеъдодҳои ҷавон ба омӯзиши технологияҳои муосир ва корҳои эҷодиву техникӣ вазифаи муҳимтарини мо дар соҳаҳои илму маориф маҳсуб мегардад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ҳизби сулҳу ваҳдат, ҳизби пешрафт ва шукуфоии ватан, ҷиҳати рушди иқтисодиёт ва беҳбуди ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии кишвар талош дорад.

Дар ин замина, Туҳфа Мамадбековна  иброз дошт, ки  рушди ҷомеа ва беҳтар намудани ташаккули соҳаҳои гуногуни мамлакат аз субот ва оромии ҷомеа вобаста аст. Маориф ибтидо ва дурнамои ҷомеа, ки пояи адаби инсонӣ аз он маншаъ мегирад.  Маориф ниҳод ва таҳкурсии асосии давлат ва ҷамъият ба шумор рафта, суннатҳои миллиро пойдор нигоҳ медорад ва беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароиро ташаккул медиҳад ва дар ҳама давру замонҳо илму маориф шахсро бо додани одобу ахлоқ ба қуллаҳои баланди илму маърифат расонида, нақши муассири худро дар ҳаёти ҷомеа ва давлат мегузорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *