Рубрики
Uncategorized

Бӯстон: Аксияи ҳар ки хандонад ятими хастаро

Дар остонаи таҷлили ҷашни баҳору зебоӣ – Наврӯзи ҳуҷастапай ҷиҳати иҷроиши барқияи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз 12 марти соли 2022 №24, дар пайравӣ ба иқдомҳои наҷибу ғамхоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ибтикори Кумитаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон ҷиҳати ба ғамхорӣ фаро гирифтани ятимони кулл аксияи вилоятӣ таҳти унвони “Ҳар ки хандонад ятими хастаро…” барои ятимони кулл ва кӯдакони имконияташон маҳдуд бо ҷалби соҳибкорону саховатмандон ва вакилони шаҳрӣ санаи 18 марти соли 2022 дар Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон, узви Маҷлиси Миллӣ Маҷлиси Олии ҶумҳурииТоҷикистон, Директори мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон Набизода Мадина Раҳмат, ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Бахтиёр Набӣ, Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон Директори Мактаб – интернати МИҲД-и вилояти Суғд Ғаффорова Нигора, Ҷабборзода Парвиз вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бӯстон, Ҷабборов МЭЛС вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бӯстон, тарбиятгирандагон аз мактаб интернати МИҲД-и вилояти Суғд ва ҳама муассисаҳои таълимии шаҳр бо оростани дастархони идона ва хурокҳои миллӣ баргузор гардид.

Чорабиниро бо сухани табрикӣ Ҷалолзода Миршакар Саид ифтитоҳ бахшида, меҳмононро бо иштирокчиён шинос намуд. Мавсуф, аз номи Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон кулли иштирокчиёнро ба муносибати фарорасии ҷашни Наврӯзи ҷаҳонӣ табрик намуда, зимни суханронии худ қайд намуд, ки ҷаҳонишавии Наврӯз пеш аз ҳама эътирофи дастовардҳои миллати соҳибтаъриху соҳибтамаддуни тоҷик буда, рамзи худшиносиву ифтихори миллӣ, ваҳдату ҳамдилӣ эҳёи табиат, ҷашни офариниш, шодиву нишот ва пирӯзии рӯшанӣ бар зулмот аст. Ҳамзамон, қайд намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғамхори ятимон буда, ҳамеша зимни суханрониҳояшон таъкид менамоянд, ки мо бояд ҳамеша ғамхори онҳо бошем.

Исмоилзода Зуфар Муртазохон Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд баромад намуда, зикр намуд, ки маҳз тавассути хизматҳои шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯзи бостонии мо ҷаҳонӣ гардид. Фазилатҳои Наврӯз ободкориву тозакорӣ, навандешиву навсозӣ, мубарро сохтани зоҳиру ботин ва андешаву афкор аст, ки башарият ба он арҷ гузоштааст.

Мавсуф, қайд намуд, ки Пешвои миллат аёдати шахсони яккаву танҳо, табақаҳои ниёзманди ҷомеа, ғамхорӣ ба ятимону бепарасторонро аз фазилатҳои неки инсонӣ меҳисобанд. Дар ин замина, давоми солҳои Истиқлолият бо мақсади нигоҳубини ятимон ва дар шароити хонаводагӣ ба воя расонидани кӯдакону наврасон садҳо нафар кӯдак аз ҷониби шахсони хайрхоҳ ба фарзандӣ қабул карда шудаанд ва шахсоне, ки бо меҳру муҳаббати беандоза ва эҳсону парасторӣ таълиму тарбияи кӯдакони ятимро ба ӯҳда гирифтаанд, амали савоберо ба анҷом мерасонанд.

Набизода Мадина Раҳмат узви Маҷлиси Миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Директори мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон низ баромад намуда, иштирокдоронро ба муносибати таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ шодбош намуд.

Маҳмадалӣ Бахтиёр Набӣ ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон зимни баромади худ дар чорабинии мазкур тамоми ихтирокчиёнро ба муносибати таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ шодбош намуда, иқдоми роҳбарияти олии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон-ро амали савоб ва шоистаи аҳсантхонӣ ҳисобид.

Ҷабборзода Парвиз вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бӯстон, котиби иҷроияи филлиали ҶҲАД дар вилояти Суғд баромад намуда, табритоки худро ҳамчун вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бӯстон ба саъди иштирокчиён расонид.

Дар аксияи мазкур, барномаи фарҳангӣ аз ҷониби хонандагони Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон ва тарбиятгирандагони Мактаб – интернати МИҲД-и вилояти Суғд пешкаши меҳмонон ва иштирокчиён гардида, ҳамаи иштирокчиён бо тӯҳфаҳои идона қадршиносӣ гардиданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *