Рубрики
Асосӣ

БӮСТОН: Вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагон бо фаъолони шаҳри Бӯстон

Мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Марсурӣ Дилрабо – муовини раиси Маҷлиси намояндагон ва вакилони халқ Идизода Файзалӣ ва Ахмедов Мирзоанвар ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар дар шаҳри Бӯстон баргузор гардид.

Нахустин мулоқот дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон бо иштироки зиёди фаъолони шаҳр доир гардид.

Дар мулоқот раиси шаҳри Бустон Раъно Ҳошимзода, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон, ва инчунин роҳбарони ташкилоту муассисаҳо иштирок намуданд.

Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни баромади хеш қайд карданд, ки Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии ва мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан санади таърихи буда дар тараққиёту пешрафти соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, илму фарҳанг ва сиёсати дохилию хориҷии мамлакат ва вазифаҳои минбаъдаи давлату ҳукумати кишварро барои як сол ва солҳои минбаъда муайяну мушаххас менамояд.

Дар идома, илова гардид, ки бо мақсади тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз 1 январи соли 2022 музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 25 фоиз ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд гардида, аз 1 июли соли 2022 музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, идрорпулии донишҷӯён ва дигар намудҳои идрорпулӣ 20 фоиз зиёд карда шуд ва ҳадди ақали музди меҳнат аз 1 июли соли 2022, 50 фоиз зиёд гардида, андозаи он дар ҳаҷми 600 сомонӣ муқаррар карда шудааст.

Сипас раиси шаҳри Бӯстон ба меҳмонон ҷиҳати иштирок дар мулоқот ибрози сипос намуда, қайд кард, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар ҳамватан, номаи пурнишот барои насли имрӯзу фардо ва муждаи созанда дар роҳи пурифтихори рушди давлатдории тоҷикон мебошад.

Дар интиҳои мулоқот фаъолони шаҳр баромад намуда минатдории хешро ба роҳбарияти олии кишвар расонида иброз доштанд, ки ҳама мутаҳид гардида барои дар амал татбиқ намудани супоришҳои Паёми Президенти мамлакат ҳамаҷониба кушиш менамоянд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *