Рубрики
Асосӣ

БӮСТОН: ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МАЗҲАРИ РУШДИ КАМОЛОТ

Дар асоси нақшаи муштараки Прокуратураи шаҳри Бустон ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бустон вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти судманд дар қисми низомии 051056-и Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар чорабинӣ прокурори шаҳри Бустон Азизов Абдуқаҳҳор Абдуҷабборович, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бустон Ҷалолзода Миршакар Саид, командири қисми низомии 051056-и Гвардияи миллӣ Одиназода Абдусалом иштирок намуданд.Нахуст прокурори шаҳри Бустон Азизов Абдуқаҳҳор Абдуҷабборович доир ба Паёми Пешвои миллат сухан ронда, зикр карданд, ки Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон шудани соли 2024 омили таъмин намудани амнияту субот дар Тоҷикистон мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод намуданд, ки соли 2024 Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон шавад. Эълон гардидани соли 2024 Соли маърифати ҳуқуқӣ ва тавъам донистани он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо маънои амиқу ниҳоӣ дорад, балки тадбири муҳими саривақтӣ барои бунёди ҷомеаи мутамаддин, сохтани шахси комил ва эъмори давлати ободу муосири миллӣ мебошад.Дар мавриди таъмини амният ва субот омили асосӣ риояи қонун мебошад. Ҳамин аст, ки Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳ таъкид намуданд, ки «роҳбарони Қувваҳои Мусаллаҳ, воҳидҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд ба риояи ҳатмии ойинномаҳои ҳарбӣ, тартибу интизом ва таъмини волоияти қонун эътибори доимӣ ва қатъӣ диҳанд».Дар рафти вохурӣ раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бустон Ҷалолзода Миршакар Саид баромад намуда, иброз доштанд, ки Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳимтарин омили тараққиёти Ватани маҳбубамон ба ҳисоб рафта, дар назди сохторҳои гуногун ва мардуми кӯҳанбунёди тоҷик вазифаҳои муҳиму мушаххасро ба миён мегузорад. Мардуми бофарҳангу тамаддунофари тоҷик ҳамасола пеш аз соли нави мелодӣ бо шукргузорӣ аз амну осоиштагии кишвари маҳбубамон, ҳамзамон бо шукргузорӣ аз Истиқлолияту Ваҳдати миллӣ, Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаноби олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бесаброна интизор мешаванд. Зеро Паёмҳои Пешвои муаззами миллат ба ҳайси як санади сарнавиштсоз, дастури раҳнамои босуботи зиндагӣ буда мардуми сарбаланди тоҷикро ба сӯи фардои дурахшон ҳидоят менамояд. Паёми Пешвои миллат барои ҳар як сокини осоишта, ба ҳар як хонадони тоҷик, махсусан барои ҷавонон роҳнамои асосии зиндагӣ ба ҳисоб меравад.Дар фарҷом ба афсарони фаъол Сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бустон супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *