Рубрики
Uncategorized Асосӣ Барномаҳо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи

БӮСТОН: ТАВАҶҶУҲ БА ТАРБИЯИ ҶАВОНОН

Дар асоси дастури роҳбарияти олии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна гуруҳҳои ифротӣ, хурофотпарастӣ, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохурии гуруҳи корӣ дар Донишкадаи куҳию металлургии Тоҷикистон дар шаҳри Бустон баргузор гардид.

         Дар вохурӣ муовини  раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Салимов Фирдавс, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бустон Ҷалолзода Миршакар Саид, ректори Донишкадаи куҳию металлургии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Бахтиёр Набӣ иштирок намуданд.

     Нахуст  раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бустон Ҷалолзода Миршакар Саид сухани ифтитоҳӣ намуда, ҳозиринро муаррифӣ намуда, зикр карданд ки имруз ҷомеаи моро вабое бо номи хурофот фаро гирифтааст, ки ин зуҳур ба мафкураи насли наврас таъсире манфие мерасонад, чун тавассули ҷаҳл ҷомеа унсури мавҷудимятро гум мекунад.Пас мо ҷавононро лозим аст, ки ин зуҳуротро ҳарчӣ тезтар аз байн барему, ҷомеаи тамаддунсози навинро бунёд кунем, дониш омузем, забонҳои хориҷиро аз худ кунем, фақат роҳзи ба камолот расиданги танҳо тавассути маънавиёт имконпазир аст.

   Дар рафти вохурӣ муовини  раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Салимов Фирдавс суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки имруз Тоҷикистон ба марҳилаи наве гомҳои устувореро мондааст, ин созандагию ободкорӣ маҳз аз истиқлоли комилу ваҳдати сартосарӣ аст. Шукуфоӣ ва пешравии Тоҷикистони азиз аз фаъолияти мову шумо вобастагӣ дорад, бештар ҷуёи илм бошем, хурофот масири фаъолиятро суст мегардонад, гуруҳҳои тундраво бо ғаразҳои нопоки худ ҷавонони ноогоҳро ба доми фиреб мекашанд, лекин мо бояд пеши роҳи ин гуна гуруҳҳоро гирему, сиёсати сулҳҷуёнаи Пешвои миллатро чун дастури маънавии ҳаёт истифода намоем.

  Ба ин васила   ректори Донишкадаи куҳию металлургии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Бахтиёр Набӣ баромад карда, қайд намуданд, ки ҷавонон пешбарандаи ҷомеаи имрузу фардо мебошанд, унсури асосии маънавиёт танҳо тавассути хиради комил бунёд мешавад.

 Аз ин ру ҳар як ҷавони қавииродаро лозим аст, ки баҳри ватани азизашон хизматҳои шоён намуда, пеши роҳи тамоми хурофотпарастиро гирифта, истиқлолияти Тоҷикистонро чун арзишмандарин неъмат ҳифзу эҳтиром кард.

Дар фарҷом табодулли афкор сурат гирифта, донишҷуён саволҳо пешниҳод намуда, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *