Рубрики
Асосӣ

БӮСТОН: Ҷамъбасти даври шаҳрии мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футболи хурд барои дарёфти “Ҷоми ҲХДТ” дар шаҳри Бӯстон

Санаи 02 августи соли 2021 ҷамъбасти бозии варзишӣ оид ба футболи хурд миёни маҳаллаҳои шаҳри Бӯстон барои дарёфти “Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар варзишгоҳи Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бўстон дар вазъияти тантанавӣ доир гардид, ки дар он Исмоилзода Зуфар Муртазохон Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Декмократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Сатторзода Хуршед муовини Раиси шаҳри Бўстон, Набизода Мадина Раҳмат узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аминҷон Абдуғаффорӣ муовини Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Декмократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Мурод Шукурзода узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷалолзода Миршакар Саид раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Декмократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон ширкат ва суханронӣ намуданд.

Қайд гардид, ки варзиш гарави саломати буда, омили хуб барои муттаҳид намудани сокинон аст.

Хотиррасон бояд намуд, ки мусобиқаи мазкур аз санаи 03 июли соли 2021 шурӯъ гардида, дар он бештар аз 12 дастаҳо аз маҳаллаҳои шаҳр ширкат варзиданд. Аз миёни 12 даста дастаҳои “Сомониён”-и маҳаллаи Сомониён ва “Бӯстон”-и маҳаллаи Бӯстон дар даври ниҳоии он санаи 02 августи соли 2021 бозӣ намуданд, ки дар натиҷа дастаи “Сомониён”-и маҳаллаи Сомониён ғолибият ба даст овард.

Дастаи ғолиб бо ҷом, Диплом дараҷаи I, медал дараҷаи I ва бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ гардида, ба дастаҳои ишғолнамудаи ҷойҳои 2,3 ва 4 низ бо Диплому медал ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ гардид.

Ҳамзамон, ба беҳтарин иштирокчиёни мусобиқот бо Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон қадршиносӣ гардиданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *