Рубрики
Асосӣ

БӮСТОН: Ҷамъбасти фаъолияти КИ ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон дар соли 2021

Дар толори калони бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон маҷлиси васеъи ҷамъбастии фаъолияти соли 2021-уми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон ва вазифагузориҳо барои соли 2022 баргузор гардид, ки дар он Хуршед Сатторзода муовини Раиси шаҳри Бӯстон, Заррина Раҳмон мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд, Ҷалолзода Миршакар Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, вакилон, собиқадорон, занон ва ҷавонон, аъзоёни ТҶҶ «Созандагони Ватан» роҳбарони корхонаву муассисаҳо ва фаъолони ҳизб ширкат варзиданд.

Маҷлиси натиҷагирии соли 2021 бо суханронии Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон Ҷалолзода Миршакар Саид ва шиноснамоии иштирокчиён ба кори худ оғоз намуд.

Тибқи масъалаи якуми рӯзномаи Маҷлис муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон Юсупова Манзура оид ба фаъолияти солонаи КИ ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон маълумоти муфассал дод.

Ҳамзамон, Насриддинов Замониддин Зайниддинович муовини ректори Донишкадаи куҳию металлургии Тоҷикистон баромад намуда, вобаста ба фаъолият ва дастовардҳои ташкилити ибтидоии “Маърифат”-и назди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуд.

Аз рӯи масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис нақшаи тарғибу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кори маҷлис тасдиқ гардид.

Аз рӯи масъалаи саввуми рӯзномаи маҷлис нақшаи фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон дар кори маҷлис тасдиқ гардид.

Ҳамзамон, Сатторзода Хуршед Ҳомидӣ муовини Раиси шаҳри Бӯстон баромад намуда, фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстонро дар соли 2021 қаноат арзёбӣ намуд.

Дар рафти маҷлис Заррина Раҳмон мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд баромад намуда, нуқтаҳои меҳварии Паёми навбати Пешвои миллат-ро ба ҳозирин шарҳу тавзеҳ дода, ҳамзамон оид ба ҷалби бештари шахсони арзанда ба сафи ҳизб, мустаҳкам намудани вазъи молиявӣ, хуб ба роҳ намудани сатҳу сифати корҳои тарғибу ташфиқотӣ ва ғайраҳо маслиҳатҳои судманд дод.

Аз рӯи масъалаи чаҳоруми рӯзномаи маҷлис даври шаҳрии озмуни вилоятии “Кумитаи иҷроя, ташкилоти ибтидоӣ ва шӯъбаи беҳтарин”-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давдатии Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни ташкилотҳои ибтидоии назди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон ҷамъбаст гардида, ташкилоҳои ибтидоии ғолиб бо Дипломи дараҷаи I, II, III ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ гардиданд.

Аз рӯи масъалаи панҷуми рӯзномаи маҷлис даври шаҳрии озмуни вилоятии “Обуна – 2022” миёни ташкилотҳои ибтидоӣ ҷамъбаст гардида, ташкилоҳои ибтидоии ғолиб бо Дипломи дараҷаи I, II, III ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ гардиданд.

Дар охир, як чанд фаъолони ҳизб бо Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон қадрдонӣ гардиданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *