Рубрики
Асосӣ Мақола

Б.ҒАФУРОВ: 16- НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 Мансаби Президентӣ ба ниҳодҳои давлатдории Тоҷикистон санаи 29 ноябри соли 1990 тибқи қонун қайд шуда, 30 ноябри соли 1990 аввалин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Шӯрои Олии ҷумҳурӣ интихоб шуда буд. Инак, соли шашум мешавад, ки дар  қатори дигар ҷашнҳои муҳими миллӣ “Рӯзи Президент”-ро бо тантана ҷашн мегирем.Мутобиқи тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” аз санаи 14 майи соли 2016, №1320 ба сархати ҳафтоду якум “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – 16 ноябр” илова карда шудааст.

Албатта, илова кардани ин рӯз ба рӯзҳои муҳими миллӣ беҳадаф нест. Ин рӯзро метавон ба сарнавишти кишвар ва ояндаи афроди миллат вобаста намуд. “Рӯзи Президент – 16 ноябр” рӯзи одӣ нест, рӯзест, ки Эмомалӣ Раҳмон – Пешвои бузурги таърихи муосири миллати тоҷик ва поягузори давлатдории навини Тоҷикистон, абармарде, ки аз миёни мардум дар Иҷлосияи сарнавиштсози ХVI Шӯрои Олӣ бархостааст, – андешаи ба ҷуз Тоҷикистон, ҳадафе ҷуз сарфарозии тоҷикон, вазифае ҷуз хидмат ба кишвару миллати хеш надорад.

Зинда бод Пешвои миллат, осуда бод кишвари ободи мо!

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *