Рубрики
Uncategorized

ВАКСИНАТСИЯ ВА ОҚИБАТҲОИ ОН!

Имрӯз ҷаҳонро бемории ҳамигири пандемия нигарон кардааст. Мутаассифона, Тоҷикистони маҳбуби мо низ аз ин ҷараён дар канор нест. Тайи як – ду соли охир ин беморӣ тамоми оламро ба ташвиш овардааст. Хушбахтона, давлатҳои пешқадами дунё, ҷиҳати пешгирӣ аз ин вируси сироятӣ ваксинаҳоеро ихтироъ ва пешниҳоди мардум намудаанд, ки баҳри беҳ намудани саломатии ҷомеа то ҷое мусоидат менамояд. Имрӯзҳо дар сар то сари кишвари азизи мо низ маъракаи ваксинагузаронӣ дар ҷараён буда, аҳолии кишвар рафта бо хоҳиши хеш худро аз ҷараёни ваксина мегузаронанд. Ин иқдом то дурдасттарин маҳаллаҳои аҳолинишини мамлакат дастрас карда шуда, мардум рӯз то рӯз ваксина гирифта истодаанд ва ин вазъ ҳам метавонад баҳри беҳгардонандаи ҳолати саломатии ҷомеа як саҳифаи тозаи рӯз бошад! Баъзе ба он ақидаанд, ки гӯё ваксина кардан хатарнок буда, инсонро баъди чанд рӯзи аз ин санҷиш гузаштан ба ҳалокат мерасонидааст. Вале ин хатогии маҳз аст. Зеро агар ин ихтироот зарурӣ ва пешгирикунандаи COVID – 19 намебуд, мутахассисони соҳаи тандурустии байналмиллалӣ тавсияаш намедоданд. Аз ин рӯ, ваксина кардан сари вақт ин гувоҳи дар ҳолати зарурӣ пеш гирифтани роҳи беморӣ маҳсуб меёбад. Пас, биёед ҳама якҷоя аз ваксинатсия мегузарем ва саломатии худу ҷомеаро бехатар нигоҳ медорем!

ТҶҶ “Созандагони Ватан” –и назди КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *