Рубрики
Uncategorized

Варзиш омили солимист!

Субҳи имрӯз дар асоси нақша чорабиниҳои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”–и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом бахшида ба сазовор пешвоз гирифтани 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба варзиш рӯй овардани духтарон, тарғиби тарзи ҳаёти солим, мустаҳкамии дӯстӣ байни духтарон ва тарбияи зебопарастӣ дар қалби онҳо миёни донишҷӯдухтарони коллеҷу литсейҳои касбии шаҳр мусобиқаи варзишии намуди баскетбол баргузор карда шуд. Чорабинии мазкурро муовини Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Фирӯза Шерматова ҳусни оғоз бхшида, ҳадафи баргузории мусобиқаро баён дошт. Зимни чорабинии варзишии мазкур донишҷӯдухтарон маҳорати хуби варзишӣ нишон дода, барои ғолибияти дастаи худ талош варзиданд.

Дар натиҷаи рақобати бомаҳоратона ҷои якум насиби дастаи баскетболбозони Коллеҷи тиббии шаҳр гардид. Дастаи духтаронаи Коллеҷи технологии ба номи Абдулаҳад Қаҳҳоров бошад соҳиби ҷойи дуюм ва дастаи Коллеҷи омӯзгории ба номи Мирзо Турсунзодаи шаҳр соҳиби ҷойи сеюм гардиданд. Дастаҳои ғолиб бо диплом ва тӯҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом сарфароз гардонида шудаанд.

Ҳамчунин, дастаи Литсейи касбии саноати дӯзандагии шаҳр низ барои иштироки фаъолона бо сипосномаи кумиҷроияи шаҳрии ҳизб мушарраф гардиданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *