Рубрики
Uncategorized

ВАРЗИШ – ҚОСИДИ СУЛҲ

Дар доираи чорабиниҳои ҷашнӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи чорабиниҳо бахшида ба эълон гардидани “Душанбе –пойтахти фарҳангии Иттиҳод 2021” дар Коллеҷи ғайридавлатии тиббии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мусобиқаи варзишии баскетбол байни духтарон баргузор гардид. Дар он бахшҳои 1 ва 2 ихтисоси ҳамшира ва умумитиббӣ иштирок намуданд. Ҷойи аввал сазовори бахши 2 ихтисоси ҳамширагӣ, ҷойи дуюм сазовори бахши 1 ихтисоси умумитиббӣ ва ҷойи сеюм насиби бахши 1 ихтисоси ҳамширагӣ гардид. Ғолибон бо Диплом ва медал сарфароз гардонида шуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *