Рубрики
Uncategorized

ВАТАНДОРӢ ЯК ГӮШАИ ИМОН АСТ

(Гузориш аз сафари хотирмони ҳизбиёни вилоят аз деҳаи дурдасти Ворух)

Бо мақсади ошноӣ аз ҷараёни ободкорию созандагӣ, мулоқоти рӯ ба рӯ бо аҳли заҳмат ва боздид аз иншоотҳои сохташавандаи яке аз ҷамоатҳои деҳоти дурдасти кишвар – Ворух дар ҳошияи 1300 рӯзи зарбдор ба истиқболи 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пайравӣ аз иқдомҳои наҷибу созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва талошу корбариҳои муваффақонаи Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода гурӯҳи калони ҳизбиёни вилоят таҳти роҳбарии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон озими ин минтақаи зебои диёр гардиданд.

Дар саргаҳи ин деҳаи зебоманзар аҳли ҳизбиёнро адибони номвари ин диёр, узви иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон, журналисти варзида Додохони Эгамзод ва шоири ширинкалом Назруллои Азизиён ва як гурӯҳ ҷавони фаъоли ворухӣ, ки тариқи ҳашар бо кофтани ҷӯйбор ба яке аз маҳалаҳҳои “Сангтӯда” об меоварданд, бо хушнудӣ пешвоз гирифтанд.

Муҳаммадҷон Раупов яке аз ҷавонони фаъол зимни суҳбат бо меҳмонон иброз дошт, ки маҳз таваҷҷуҳи рӯзафзуни давлат ва Ҳукумат, шахсан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки мо ҷавонон тасмим гирифтем, ки бо хоҳиши худ ба ҳашари умумихалқӣ баромада, бо дастовезҳои арзанда ҷашни умумимиллиро сазовор пешвоз гирем. Руҳияи мо шикастнопазир аст. Аҳли деҳ, хосса мо – ҷавонон эътимоди комил дорем, ки Ворух як пораи замини зархези Тоҷикистон аст ва он ба ҳеҷ ваҷҳ сарбаставу танҳо намемонад. Ташрифи ба наздикӣ ба вуқӯъмеомадаи Пешвои муаззами миллат ба рӯҳу равони мо таъсири хушоянд гузоштааст.

Воқеан аз чеҳраи хурду бузурги аҳли деҳа, ки дар ин макон машғули меҳнати босамаранд, аён буд, ки онҳо ба хоку обу Ватан ва ба диёри худ муҳаббати беинтиҳо доранд.

Аъзои фаъоли ҲХДТ-ро, ки иборат аз кормандони дастгоҳи кумиҷроияи вилоятӣ ва раисони кумитаҳои иҷроияи шаҳру навоҳии вилоят буданд, ҷараёни сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №74 дар маҳаллаи “Сангтӯда” идома дорад, хеле муаассир кард. Дар ин иншооти бузург, ки пас аз мавриди истифода қарор гирифтанаш 720 хонанда дар ду баст ба таълиму тарбия фаро гирифта мешавад, наздики 220 нафар сохтмончиён ба таври шабонарӯзӣ фаъолият мебаранд. Тавре дар суҳбат сардори шуъбаи сохтмони асосии вилоят Маъруф Муҳаммадзода иброз доштанд, муассисаи таълимӣ бо харҷи 12 миллион сомонӣ аз ҳисоби буҷети мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сохта шуда истодаат. Дар ин ҷо ҳизбиёни вилоят дар хокпӯш намудани атрофи бинои муассиса ба сохтмончиён кӯмак намуда, бо онҳо суҳбати гарму самимӣ оростанд. Бародарон Абдуқодир ва Аъзамҷон Расуловҳо аз ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки наздик ба як моҳ ин ҷо дар корҳои сохтмонӣ фаъолият доранд, зимни сӯҳбат қайд карданд, ки маҳз ҳунари сохтмончӣ буданашон онҳоро мехӯронаду мепӯшонанд. Ба гуфтаи онҳо новобаста аз он, ки имрӯз дастрасӣ ба шуғли доимӣ ба баъзе ҷавонон баҳона аст, онҳо дар як моҳ дар иншоот соҳиби 2- 3 ҳазор сомонӣ маош гардида, талаботи хонаводагиашонро пурра таъмин мекунанд. Воқеан меҳнат калиди бахт ва мояи ҳаёти омоиштаи ҳар як нафар хоҳад буд. Ба сохтмончиён як миқдор анвои хӯрданӣ эҳдо карда шуда, барои хӯроки нисфирӯзиашон аз ҷониби ҳизбиён оши палов омода карда шуд.

Дар идомаи боздид гурӯҳи корӣ аз ҷараёни сохтмони Ротаи 5 –уми таъиноти махсуси кӯҳии дастаи таъиноти махсуси милитсияи РВТМ ВКДТ дар вилояти Суғд дидан намуданд. Иттилоъ дода шуд, ки ин бинои муҳташами замонавӣ бо харҷи 3,5 миллион сомонӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, алҳол сохтмони дохили бино пурра ба итмом расида, мукмфаршкунӣ ва хуррамгардонии атрофи бино идома дорад. Дар ин ҷо 85 нафар сохмончиёни ширкати сохтмони Исфара фаъолият доранд. Бо роҳбаладии муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нозим Иброҳимзода ҳизбиён аз дохили бино дидан намуда, ба сохтмончиёну меъморон баҳои баланд доданд.

Дар идомаи сафар аҳли ҳизбиёни вилоят аз рафти корҳои саҳроӣ бригадаи рақами 3-и хоҷагии ҷамоавии “Ворух” дидан намуда, бо кишоварзон, ки аксаранро занон ташкил медиҳанд, суҳбату дидор анҷом доданд. Зимни мулоқот кишоварзон сипосмандии хешро ба роҳбарияти олии мамлакат расонида, зикр доштанд, ки маҳз таваҷҷуҳи рӯзафзуни Сарвари давлат аст, ки ҷамоати дурдасти Ворух ба як шаҳраки замонавӣ табдил ёфта истодааст ва бонувон бо хотири ҷамъ ва хушҳолӣ пайи меҳнатии ҳалоли кишоварзианд. Он рӯз ҳизбиёни вилоят дастҷамъона бо аҳли заҳмат дар шинонидани ниҳолони себи “Крепсон” ва “Пала” дар масоҳати 2,5 гектар боғи интенсивии хоҷагӣ ҳиссагузорӣ намуданд. Дар мулоқот кишоварзон аз он изҳори хушнудӣ намуданд, ки бо иқдоми Пешвои муаззами миллат соли равон кишоварзон аз андозаи ягонаи замин озод карда шуданд. Ин иқдом барои фаровонии молу маҳсулот, ғанӣ гардидани дастурхони мардум заминаи хубе хоҳад шуд.

Маркази фароғатию фарҳангии “Ширин”, ки дар даромадгоҳи деҳаи Ворух аз ҷониби соҳибкор ҳоҷӣ Абдуҷалил Савриддинов ва фарзонданаш сохта шуда истодааст, аз ҷумлаи зеботарин макони истироҳат ва фароғат минбаъд хоҳад шуд. Он бо харҷи 1 миллиону 800 ҳазор сомонӣ дар масоҳати ду гектар сохта шуда, иборат аз ду ҳавзи шиноварӣ, майдони хурди футбол, баскетбол, аттраксион ва дигар намудҳои дилхушкунанда барои наврасону кӯдакон иборат аст. Бо тавсияи бевоситаи Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода атрофи маҷмаа бо ниҳолони мевадеҳ ва ҳамешасабз оро дода шудааст. Соҳибкори муваффақ Сорбон Савриддинов фарзанди ҳоҷӣ Абдуҷалил Савриддинов, ки худ аъзои фаъоли ҲХДТ мебошад, ба дастгирии давлат ва ҳукумат нисбати рушди соҳибкории хурду миёна изҳори сипос намуд.

Дар идомаи сафар дар маркази ҷамоати деҳоти Ворух дар пояи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки алҳол сохтмонаш анҷом пазируфтааст, мулоқоти самимии аъзоёни ҲХДТ бо роҳбарияти шаҳри Исфара ва муовини аввали вилоят Хол Ҳайдар сурат гирифт. Махсусан ба меҳмонон дар болои кӯҳи балдандиаш наздик 500 метар насб кардани 7 парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сабзу хуррамгардонии атрофи мавзеи Парчами миллӣ хеле писанд омад. Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон дар суҳбат зикр дошт, ки тамоми ҳизбиёни вилоят омодаанд, дар ҳашари ниҳолшинонӣ ва гулкории ин деҳаи баландкӯҳ саҳмгир бошанд. Раиси шаҳри Исфара Баҳоваддинзода Баҳодур қайд сохт, ки дар давоми чор моҳи охир ҳусни маркази ҷамоати деҳоти Ворух куллан дигар шуд. Қомат афрохтани Маркази фарҳанг бо 400 ҷойи нишаст ва дар дохили он минбаъд фаъолият бурдани толорҳои ақди никоҳ ва ҳусн, дар шафати он бунёд шудани иншооти маданиву равшаннамоӣ аз қабили сехи дӯзандагӣ ва шириниҳо барои фароҳам овардани наздик ба 150 ҷойи корӣ замина мегузорад.

Тавре аз мушоҳидаҳо аён гардид мардуми сарбаланди Ворух бо руҳбаланди бузург ва шукрона аз тинҷиву амонии кишвар барои афзун намудани дастовардҳои меҳнатӣ саъю талоши тоза меварзанд. Онҳо хуб медонанд, ки Ватандорӣ як гӯшаи имон аст. Меҳр ба Ворух, меҳр ба Ватани аҷдодӣ, меҳр ба хоку оби диёр аст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *